Пайвандҳои дастрасӣ

Доварони даврҳои севуму чоруми Ҷоми АФК-2013 эълон шуданд


Во Мин Трӣ

Во Мин Трӣ

Конфедератсияи футболи Осиё доварони даврҳои севуму чоруми сабқати гурӯҳии Ҷоми АФК-2013-ро бо ширкати бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон эълон кард.

Ба бозии даври севуми гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон) ва «Кувайт»-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми АФК, ки рӯзи 2-юми апрел дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, Во Мин Трӣ аз Вйетнам сардовар таъин шудааст.

Ба ӯ доварони марзи майдон тайландиҳо Борикут Тҳаном ва Ситтисук Тираҷит кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётӣ Рисбек Шакарбекови қирғизистонӣ мебошад. Сизар Умар Ҳуснӣ Субар аз Урдун комиссари ин бозӣ таъин шудааст.

Ба бозии даври чоруми гурӯҳи «D» миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб (қаҳрамони Тоҷикистон) ва «Ал-Қодсия»-и Кувайт, ки 9-уми апрел дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд барпо мегардад, гурӯҳи доварон аз Покистон хидмат мерасонанд.

Шаҳзод Хуррам сардовар, Мурод Воҳид ва Ҳабиб Муҳаммад Шафоат ёварони сардовар мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Раъно Носир Аҳмад ба зимма дорад. Комиссари ин бозӣ Умед Ҷамолӣ, сардори шуъбаи байналмилалии Федератсиюни футболи Эрон, аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG