Пайвандҳои дастрасӣ

Вагони зиреҳпӯшшудаи Сталин дар Горӣ осеб дидааст


Музеи Сталин ва вагони зиреҳпӯши канори он дар Горӣ қабл аз тӯфон

Музеи Сталин ва вагони зиреҳпӯши канори он дар Горӣ қабл аз тӯфон

Бино ба хабарҳои матбуотӣ, вагони хусусии Иосиф Сталин-диктатори давраи Шӯравӣ, ки дар музеи шаҳри шарқии Гории Гурҷистон гузошта шуда буд, вайрон шудааст. Як корманди музей ба рӯзноманигорон гуфт, ки рӯзи якшанбе тӯфоне боми музейро хароб кардааст. Бом ба болои вагони зиреҳпӯшшуда афтодааст.

Сталин ин вагонро дар солҳои 1930 то 1940-ӯми қарни гузашта дар сафарҳои худ истифода мекард. Касе аз сайёҳон ҳангоми афтодани боми музей осеб надидааст.

Музеи Сталин дар шаҳри Горӣ соли 1957 таъсис ёфт. Дар он асбоб ва либосҳое, ки Сталин аз замони таваллуд дар Горӣ дар соли 1878 то замони даргузашташ дар соли 1953 дар Маскав истифода мекард, гирдоварӣ шудааст.

Тӯфони рӯзи якшанбе ба баъзе аз биноҳои ин минтақа низ осеб расондааст. Дар соҳили Баҳри Сиёҳ дар баъзе ҷойҳо селоб ҷорӣ шудааст. Як нафар ба ҳалокат расидааст. Тақрибан 100 000 нафар бидуни барқ мондаанд.
XS
SM
MD
LG