Пайвандҳои дастрасӣ

Суперҷоми Тоҷикистон-2013: 27 март - “Равшан” - “Регар-ТадАЗ”


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мавсими нави футбол дар кишвар бо бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони Тоҷикистон ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи Ҷоми кишвар, оғоз меёбад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ рӯзи чоршанбеи 27-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб барпо мегардад. Бозӣ соати 14 шурӯъ мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи футболи тоҷик барои бори чаҳорум бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон доир хоҳад шуд. Дар се бозии пешин дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб омада буд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ» барои севумин бор аст, ки дар Суперҷом ширкат меварзад. Дар ду бозии пешин футболбозони шаҳри Турсунзода аз дастаи “Истиқлол” шикаст хӯрда буданд. Аммо дастаи «Равшан» барои аввалин бор дар ин мусобиқа иштирок мекунад.

Бар асоси низомномаи ин мусобиқа, дар мавриди мусовӣ шудани замони асосии бозӣ 30 дақиқа вақти иловагӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) дода мешавад. Агар дар замони изофӣ ҳам ғолиб муайян нашавад, он гоҳ силсилаи зарбаҳои 11-метра таъин хоҳад шуд.


Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Ҷоми олии Тоҷикистон

Соли 2010. Шаҳри Турсунзода. «Истиқлол» (Душанбе) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - 0:0. Замони изофӣ – 2:0.

Соли 2011. Шаҳри Қӯрғонтеппа. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:0. Замони изофӣ – 1:0.

Соли 2012. Шаҳри Ваҳдат. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1.

Соли 2013. Шаҳри Кӯлоб. «Равшан» (Кӯлоб) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - ?


Ёдовар мешавем, ки дастаҳои “Равшан” ва «Регар-ТадАЗ» дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC - Конфедератсияи футболи Осиё-2013 ширкат доранд.
Дастаи «Равшан» дар нахустин бозиаш дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 ва дар бозии дувумаш дар сафар аз тими “Ал-Шорта”-и Сурия бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуда буд. Бозии даври севумро футболбозони “Равшан” рӯзи 3-юми апрел дар сафар бо тими “Ал-Қодсия”-и Кувайт анҷом медиҳанд.

Баъди ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” “Ал-Шорта” бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои “Ал-Қодсия” ва “Ал-Рамза” бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Дастаи “Равшан” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Дастаи «Регар-ТадАЗ» бошад, бозии аввалашро дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар сафар бо тими «Сафо»-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод ва дар даври дувум дар шаҳри Хуҷанд аз тими «Ал-Риффа»-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Бозии даври севумро дастаи «Регар-ТадАЗ» рӯзи сешанбе, 2-юми апрел, дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо тими «Кувайт»-и Кувайт анҷом медиҳад.

Баъди ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Ал-Риффа” бо 3 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои “Сафо” ва “Регар-ТадАЗ” якимтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо “Сафо” дар ҷойи севум ва “Регар-ТадАЗ” дар ҷойи охирин – 4-ум қарор доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG