Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, беш аз 40 лидери ҷавон аз манотиқи мухталифи ин кишвар гирди ҳам омада, роҷеъ ба саҳмашон дар рушди иҷтимоии минтақаи худ табодули назар кардаанд.

Ин ҷавонон, бо он ки хонандаи мактаб ҳастанд, аммо пас аз ширкат дар барномаи омӯзишии «Лидерони ҷавон» алоқае барои саҳм гузоштан дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии зодгоҳ ва диёри худ пайдо кардаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки «Каунтерпарт Интернешнл» мегӯяд, то соли 2015 беш аз 900 ҷавонро аз манотиқи мухталиф, аммо кӯҳистонии Тоҷикистон ба унвони лидер омода хоҳад кард.

Ҳамоиши лидерони ҷавони минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ибтикори созмони байналмилалии «Каунтерпарт Интернешнл» ва бо кумаки молии ЮСАИД ё Оҷонсии ҳамкориҳои байналмилалии Амрико сурат гирифт.

Ба таъкиди Сулҳия Мастоншоева, ҳамоҳангсози барномаҳои «Каунтерпарт Интернешнл», ин ҷавонон асосан онҳоеанд, ки дар давраҳои омӯзишии барномаи «Лидерони ҷавон» ширкат кардаанд. Ба гуфтаи Сулҳия, «ҳадафи аслии барнома фароҳам овардани шароит барои омӯзиши ҷавонон дар манотиқи рустоии кишвар аст ва ин омӯзиш маърифати шаҳрвандӣ, умури ихтиёрӣ ва ё волонтёрӣ ва кумак ба ҷамоатҳои худро дар бар мегирад.»

Сулҳия Мастоншоева - ҳамоҳангсози барномаҳои «Каунтерпарт Интернешнл»

Сулҳия Мастоншоева - ҳамоҳангсози барномаҳои «Каунтерпарт Интернешнл»

Ба таъкиди Мастоншоева, ин ҷавонон аз 13 то 17 сол дошта, хонандагони беҳтарини мактабҳои шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе, минтақаҳои Рашту Зарафшон ва вилояти Бадахшон ҳастанд, ки ба унвони лидерони рушди иҷтимоии зодгоҳ ва диёри худ шинохта шудаанд ва онҳо аз барои беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаи худ низ метавонанд саҳми фаъол бигиранд.

Вижагиии барнома низ он аст, ки ҷавонон бо дарёфти грантҳои кучак, ки маблағи 200-300 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо барои ҳалли мушкилоти маҳаллаи худ саҳм мегиранд.

Марҷон Имомназарова, хонандаи синфи 11 ва намояндаи лидерони ҷавони вилояти Бадахшон, низ мегӯяд, на танҳо аз давраҳои омӯзишии барномаи «Каунтерпарт Интернешнл» бархӯрдор шудааст, балки бевосита дар таҳия ва иҷрои лоиҳаҳои кучаки рушди иҷтимоӣ дар зодгоҳаш ширкат намудааст: «Мо лоиҳаҳо ва барномаҳои зиёдеро кор карда баромадем ва тавассути ин барнома мушкилоти фаровони мардумамонро ҳал намудем.»

Ин буд, ки Марҷон ва дигар ҷавонони тоҷик дар ҳамоиши Душанбе роҷеъ ба таҷрибаи андӯхта аз барномаи «Лидерони ҷавон» ибрози назар ва табодули андеша карданд.

Шоҳрух Бозоров хонандаи синфи 9-уми ноҳияи Панҷакент аст, ки шомили барномаи «Лидерони ҷавон» шуда, ҳамоишу нишастҳо дар чорчӯби ин барномаро барои васеъ шудани ҷаҳонбинии худу ҳамсолонаш муҳим медонад: «Ман ҷаҳонбинии худро васеъ кардам. Бо ҷавонон аз Бадахшону Ромиту дигар ҷоҳо шинос шудам, дебатро намедонистам, ки аслан донишҷӯён инро мефаҳманд, аммо мо дар чорчӯби ин барнома ва нишаст онро омӯхтем. Мехоҳам ҷавонони зиёде ба барномаи «Лидерони ҷавон» шомил шаванд ва донишу малакаи худро густариш диҳанд.»

Дигар аз ҷавонон ба ин назаранд, ки ширкат дар барномаи «Лидерони ҷавон» ва тадобули назар бо ҷавонони манотиқи мухталифи Тоҷикистон омили беҳбуди муоширати байниҳамдигарии онҳо хоҳад шуд. Зеро, ба таъкиди онҳо, ҷавонон дар ҳар минтақа бо ҷаҳони худ ба сар мебаранд ва танҳо аз мушкилоту дастовардҳои минтақаи худ огоҳ ҳастанд.

Аммо соҳибназарон мегӯянд, ки барномаи «Лидерони ҷавон», ки бештар ҳадафи фаъол кардани ҷавонон дар умури шаҳрвандӣ ва рушди иҷтимоии зодгоҳашонро дошта бошад, ҳамзамон метавонад омили дар оянда ворид шудани онҳо ба умури мудрият ва сиёсат шавад.

Зеро, ба таъкиди ин соҳибназарон, бо он ки ҷавонони тоҷик дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол ҳастанд, аммо ширкати онҳо дар умури сиёсӣ хеле заиф аст. Ба ин далел, соҳибназарон мегӯянд, бо таваҷҷуҳ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар кишвар, бахусус интихоботи президентӣ ва парлумонӣ, бояд ҷавонон ба нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва созанда табдил ёбанд. Аммо масъулони созмони «Каунтерпарт Интернешнл» мегӯянд, барномаи «Лидерони ҷавон» ҳадафҳои сиёсиро дунбол намекунад.

Зимнан, барномаи «Лидерони ҷавон» аз сӯи «Каунтерпарт Интернешнл» дар соли 2011 шурӯъ шуда ва ҳар сол ҳудуди 300 лидери ҷавонро дар 3 минтақаи Тоҷикистон омода мекунад. Ба ин тартиб, қарор аст, то соли 2015 теъдоди лидерони ҷавон ба 900 нафар расонида шавад. Ҳоло дар ин минтақаҳо 9 маркази ҷавонон ташкил шудааст, ки вазифаи асосии онҳо омода кардани лидерон аз миёни хонандагони синфҳои 9 ва 11 аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG