Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои санҷишии дастаҳои Лигаи олӣ мусовӣ шуданд


Бозиҳои санҷишии бошгоҳҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагии дастаҳо ба мавсими нави футбол баргузор шуданд.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар шаҳри Қайроққум бо тими «Истаравшан»-и Истаравшан рақобат кард. Ин бозии санҷишӣ бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.


Ба иттилои Асрор Шораҷабов, мудири бошгоҳи футболи «Истаравшан», ҳайати дастаро бозигарони нав - Қурбон Бобоев, Ҷалолиддин Маҷидов (ҳарду аз «Зарафшон»-и Панҷакент), Тоҳир Зоиров, Улуғбек Абдулхайров (ҳарду аз «Вахш»-и Қӯрғонтеппа), Ойбек Абдуғаффоров («Гвардия»-и Душанбе), Пирмурод Бурҳонов, Фозил Сатторов (ҳарду аз «Хуҷанд») пурра карданд.


Боз як бозии санҷишӣ миёни дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Уротеппа”-и Истаравшан, ки дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ» баргузор шуд, бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Ба ду голи бозигари «Парвоз» Суҳроб Эгамбердиев, меҳмонон Илҳом Баротов ва Меҳрулло Бобоев бо ду гол ҷавоб доданд.
XS
SM
MD
LG