Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идораи марзбонии Тоҷикистон: «Вазъ дар марз бо Афғонистон ором аст»


Ба иттилои Идораи марзбонии Тоҷикистон, дар рӯзҳои таҷлил аз иди Наврӯз вазъ дар маҷмӯъ дар марзи ин кишвар бо Афғонистон ором буд ва нерӯҳои марзбонӣ чун пештара вазифаҳои худро анҷом медиҳанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки бино ба хабарҳо аз шимоли Афғонистон, ахиран дар минтақаи Вардучи вилояти Бадахшони ин кишвар амалиёти нирӯҳои амниятӣ, артиш ва полиси маҳаллӣ алайҳи ҷангҷӯёни Толибон идома карда, дар паи он беш аз 40 кушта ба шумули Мавлавӣ Ҳамза, як фармондеҳи Толибон дар ин минтақа, бар ҷой гузоштааст.

Гуфта мешуд, ки дар сафҳои Толибон афроде аз гурӯҳҳои тундрави кишварҳои Осиёи Миёна низ ҳастанд,

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Идораи марзбонии Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 25-уми март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки мақомоти ин идора аз амалиёти ахири нерӯҳои амниятӣ, артиш ва полиси Бадахшони Афғонистон алайҳи гурӯҳе аз ҷангҷӯёни Толибон огоҳ аст, вале бо ин ҳам назорат ва ҳифзи марз аз сӯи нерӯҳои амниятӣ ва марзбонӣ таъмин мебошад.

Ба гуфтаи вай, дар чанд рӯзи ахир ҳеҷ мавриди вайронкунии марз, бахусус убуру мурури ғайриқонунӣ дар марзи Бадахшон, сабт нашудааст.

Ҳамчунин, сухангӯи идораи марзбонӣ гуфт, ки ҳифзи марз бо шеваи пешин идома дорад ва нерӯи иловагӣ низ ба минтақа сафарбар нашудааст. Зеро, ба таъкиди вай, ҳолати изтирорӣ пеш наомадааст.

Аммо ин масъули идораи марзбонии Тоҷикистон гуфт, нерӯҳои марзбонии кишвар, ки дар хатти аввали ҳифозати марзи давлатӣ қарор доранд, ба ҳар гуна иқдомоти ғайриқонунӣ ва номатлуб омода ҳастанд ва метавонанд дар сурати зарурӣ ба он посух бидиҳанд.

Тоҷикистон дар имтидоди 1400 километр бо шимоли Афғонистон марзи муштарак дорад ва дар ин авохир бо таваҷҷуҳ ба хуруҷи нерӯҳои НАТО аз қаламрави Афғонистон дар соли 2014 хабарҳо аз фаъол шудани гурӯҳи Толибон дар манотиқи шимоли Афғонистон бештар мешавад.
XS
SM
MD
LG