Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ироқ ба ҳавопаймоҳои эронии озими Сурия роҳ надодааст


Нурӣ ал-Моликӣ ва Ҷон Керрӣ

Нурӣ ал-Моликӣ ва Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии ИМА, аз истифодаи ҳарими ҳавоии Ироқ аз сӯи Эрон барои ирсоли силоҳ ба Сурия изҳори нигаронӣ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории «Рейтерс», рӯзи якшанбеи 24-уми март Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии ИМА, дар поёни дидор ва мулоқот бо Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, аз истифодаи ҳавопаймоҳои Эрон барои интиқоли силоҳ ба Сурия аз тариқи ҳарими ҳавоии Ироқ изҳори нигаронӣ кардааст.

Ҷон Керрӣ таъкид доштааст, ки ҳаргуна ҳимоят аз ҳукумати Башор Асад дардисарсоз аст ва ирсоли силоҳ аз сӯи Эрон ба Башор Асаду ҳукумати феълии Сурия ба бақои ин режим кумак мекунад.

Як мақоми давлатии ИМА, ки нахост номаш фош шавад, ба хабаргузории «Рейтерс» гуфтааст, «ба бовари Вашингтон тақрибан ҳар рӯз Эрон ёриҳои низомӣ ба Сурия мефиристад, то низоми ҳоким алайҳи мухолифони дохилӣ муқовимат кунад.»

Аммо мақомоти Ироқ ин иддаои Амрикоро рад карда, гуфтаанд, ки ҳарими ҳавоии онҳо барои ирсоли силоҳ аз сӯи Эрон ба Сурия мавриди истифода қарор намегирад. Аббос ал-Баётӣ, узви кумитаи дифоии парлумони Ироқ, ба хабаргузории «Рейтерс» гуфтааст, ки «мо ба таври тасодуфӣ маҳмулаҳои ирсолӣ аз сӯи Эронро баррасӣ мекунем, вале то кунун ҳеҷ нишонае мабнӣ ба ирсоли силоҳ аз сӯи Эрон ба Сурия дида нашудааст.»

Вай афзудааст, «агар амрикоиҳо аз ин масъала хеле нигарон ҳастанд, пешниҳод мекунем, ки иттилооти худро дар ихтиёри мо гузоранд, то тавонем онро мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор диҳем.»

Ба таъкиди ҷониби Эрон ва Ироқ, ин парвозҳо кумакҳои инсондӯстонаро ба Сурия мерасонанд, аммо ИМА ва дигарон муътақиданд, ки Эрон бо ҳавопаймоҳояш барои режими Башор Асад дар Сурия силоҳу муҳимот ва афроди мусаллаҳ мефиристад.

Дидори Ҷон Керрӣ аз Ироқ нахустин дидори вазири корҳои ИМА аз ин кишвар аз соли 2009 ба ин сӯ аст, ки дар он сол Ҳилларӣ Клинтон, собиқ вазири корҳои хориҷии ИМА, ба Бағдод сафар карда буд.
XS
SM
MD
LG