Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Шӯрои Миллии Сурия истеъфо додааст


Муоз Алхатиб, як пешвои мухолифон ва раҳбари Шӯрои Миллии Сурия, ки аз тарафи кишварҳои ғарбӣ ҳимоят мешавад, аз мақомаш истеъфо додааст. Ӯ рӯзи якшанбе бо нашри баёнияе дар саҳифаи худ дар Фейсбук истеъфояшро эълон карда ва қудратҳои ҷаҳониро муттаҳам кардааст, ки ба шӯришиёне, ки алайҳи артиши пурқудрати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия меҷанганд, кӯмак намекунанд, ки худро муҳофизат намоянд. Сухангӯи Алхатиб истеъфои ӯро таъйид кардааст. Шайх Ҳамад бин Ҷассим ал-Танӣ, нахуствазир ва вазири умури хориҷии Қатар аз ин кори Муоз Алхатиб ибрози таассуф карда ва аз ӯ хостааст, ки тасмимашро бознигарӣ кунад.
XS
SM
MD
LG