Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрдуғон аз Нетаняҳу хост, ба қавлаш вафо кунад


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия гуфтааст, танҳо баъди он равобит бо Исроилро мӯътадил мекунад, ки ин кишвар ба наздикони ҳафт шаҳрванди Туркия ғаромат пардозад, ки дар юриши нерӯҳои исроилӣ кушта шуданд. Ин ҳафт нафар дар юриши нерӯҳои махсуси Исроил ба киштии ҳомили кӯмакҳои башарӣ барои Навори Ғазза дар соли 2010 кушта шуданд. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи 22 март дар сӯҳбати телефонӣ бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон барои ин юриш, ки дар он як турки амрикоӣ ҳам кушта шуд, аз Туркия маъзарат хост. Ӯ ваъда дод, ки ба наздикони қурбониёни юриш ғаромат мепардозад ва интиқоли молу мавод барои Ғаззаро осонтар мекунад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон маъзаратхоҳии нахуствазири Исроилро пазируфт, ки ин муомила бо мусоидати Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико сурат гирифтааст. Аммо Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи якшанбе гуфт, то замоне, ки Нетаняҳу ба аҳдҳои додааш вафо накунад, Туркия равобит бо Исроилро аз сар намегирад. Муносиботи дипломатии ду тараф ҳамон соли 2010 қатъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG