Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастоварди сафари Карзай ба Қатар чӣ хоҳад буд?


Мақомоти афғон мегӯянд, ки кушоиши дафтар барои Толибон дар Қатар ва беҳбуди равобити Афғонистон бо ин кишвари кӯчаки арабӣ, аз дастури кори сафари Ҳомиди Карзай ба Доҳа аст.

Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар рӯзи шанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҳомиди Карзай бо даъвати амири Қатар дар ояндаи наздик ба онҷо сафар хоҳад кард:

“Қарор аст, дар ҷараёни ин сафар рӯи ду мавзӯи меҳварӣ бо мақомоти Қатар сӯҳбат шавад. Яке беҳбуди равобити Афғонистон бо Қатар ва масъалаи дуввум таъсиси дафтари Толибон дар Қатар барои гуфтӯгуҳои сулҳ. Рӯи ҳамин ду мавзӯъ мақомоти ду кишвар сӯҳбат мекунанд.”

Ҳукумати Афғонистон ду моҳ қабл дар нишасти сеҷониба бо Покистону Бритониё ба таъсиси дафтари Толибон дар Қатар ризоият дод. Сипас Ҳомиди Карзай дастур дод, то барои эҷоди ин дафтар бо мақомоти Қатар музокира сурат бигирад ва як тавофуқ дар ин замина миёни ду кишвар ба имзо бирасад.

Таъсиси дафтари Толибон дар Қатар яке аз пешшартҳои Толибон барои оғози музокироти сулҳ будааст ва Амрикову Бритониё аз эҷоди чунин дафтаре ҳимоят кардаанд. Аммо вазири умури хориҷии Афғонистон қаблан гуфта буд, то замоне, ки Толибон барои музокирот бо ҳукумат ҳозир нашаванд, ҳукумат ба таъсиси дафтари онҳо дар Қатар мувофиқат нахоҳад кард. Дар ин ҳол бархе аз Толибони пешин, ки ҳоло дар Кобул зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, ки танҳо гушоиши дафтар барои Толибон кофӣ нест.

Саид Акбароғо яке аз ин Толибон ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кобул гуфт, то замоне, ки ҳукумати Афғонистон, зиндониёни Толибро аз зиндонҳои кишвар ва зиндонҳои таҳти назари Амрико раҳо накунад, Толибон барои музокира розӣ нахоҳанд шуд:

“Ин сафар барои сулҳ муҳим аст, аммо ба назари ман ду шарт бисёр муҳим аст, ҳосил кардани қаноати Толибон ва додани итминон барои онон. Масъалаи дуввум ин аст, ки замоне дафтар дар онҷо таъсис мешавад дар ин кор ихлос бошад ва бояд ҳарду тараф аз манофеъи худ бигзаранд ва манофеъи миллатро ба назар бигиранд. Агар ин ду чиз набошад, фикр намекунам, ки ин кор натиҷа медиҳад.”

Ҳукумати Афғонистон чандест, ки барои музокира бо Толибон талош мекунад ва саъй дорад, то аз ҳар роҳе онҳоро барои гуфтӯгуи сулҳ розӣ кунад. Ҳайъати Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, ки чанд моҳ пеш ба Покистон сафар карда буд, аз мақомҳои он кишвар хост барои моил кардани Толибон ба музокирот, теъдоде аз сарони ин гурӯҳро аз зиндон раҳо кунад. Дар пайи ин Покистон бештар аз 15 узви ин гурӯҳро аз зиндон озод кард, агарчӣ ба гуфтаи ҳукумати Афғонистон аз сарнавишти онҳо ҳеҷ маълумоте надорад ва бино ба баъзе аз гузоришҳо онҳо дигарбора ба ҳамсафони худ дар ҷанг алайҳи ҳукумати Афғонистон пайвастаанд.

Толибон пайваста гуфтаанд, ки як шарти асосии онҳо барои музокироти сулҳ, ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон аст. Бозгашти Толибон дар Афғонистон гурӯҳҳои мӯътадил ва бахусус занон дар ин кишварро метарсонад, ки дар замони ҳукмронии онҳо дар Афғонистон аз ҳаққи таҳсилу кор маҳрум буда ва “рӯзҳои сиёҳе” доштанд. Толибонро дар соли 2001 дар амалиёти ба раҳбарии Амрико аз қудрат дар Афғонистон барканор карданд, вале онҳо то кунун ба ҷанг идома додаанд.
XS
SM
MD
LG