Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷустӯҷуи хонаи Березовскийро хотима додаанд


Пулиси Бритониё мегӯяд, ки мутахассисони кимиёшинос, биологҳо ва коршиносони ҳастаӣ, ки хонаи Борис Березовский, сарватманди русро ҷустӯҷу карданд, “ҳеч чизи мояи нигаронӣ” наёфтанд. Ҷасади Борис Березовскийро рӯзи шанбе ба гуфтаи расонаҳои Бритониё дар ҳаммоми хонааш дар наздикии шаҳри Лондон пайдо кардаанд. Ба гуфтаи пулиси Лондон, ҳоло сабабҳои марги Борис Березовский номаълум аст. Ин сарватманди 67-сола, ки аз мунтақидони деринаи Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия буд, баъди суқути шӯравӣ ва дар солҳои аввали хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Русия соҳиби сарвати зиёде шуд.
XS
SM
MD
LG