Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Мушарраф ба Покистон баргашт


Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи Покистон ба шаҳри Карочӣ баргашт, то дигарбора ба саҳнаи сиёсат ворид шавад. Ӯро чанд нафар аз афроди бонуфузи ҳизбаш Лигаи Мусулмонони Қоиди Аъзам ҳамроҳӣ мекарданд. Ба гузориши бахши покистонии Радиои Озодӣ, тарафдорони Парвиз Мушарраф ӯро дар назди фурудгоҳи Карочӣ мунтазир буданд ва ба тарафдории ӯ шиор медоданд. Қарор аст, Парвиз Мушарраф корзори интихоботии ҳизбашро барои ширкат дар интихоботи порлумонии рӯзи 11 май оғоз бахшад. Рӯзе пештар аз Толибони Покистон таҳдид карданд, ки агар Парвиз Мушарраф ба инҷо баргардад, ӯро мекушанд. Ҳамчунин дар Покистон Мушаррафро ба он муттаҳам мекунанд, ки соли 2007 амнияти Беназир Бҳутторо нахуствазири пешинро дуруст таъмин накард, ки дар сӯиқасде дар ҳамон сол кушта шуд. Парвиз Мушарраф, соли 2008 таҳти фишор аз мақоми раиси ҷумҳур истеъфо дод ва як сол баъд кишварашро тарк кард. Ӯ тайи чаҳор соли гузашта дар шаҳрҳои Дубай ва Лондон зиндагӣ мекард. Генерал Парвиз Мушарраф соли 1999 дар як табаддулоти давлатии бехунрезӣ ба қудрат расида буд.
XS
SM
MD
LG