Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Қибрис дар "марҳилаи бисёр ҳассос"


Ҳукумати Қибрис мегӯяд, музокирот дар бораи ба даст овардани 10 миллиард евро кӯмаки молӣ дар “марҳилаи бисёр ҳассосе” қарор дорад ва имрӯз ҳам идома хоҳад кард. Дар баёнияи расмии ҳукумат омадааст, ки Никос Анастасиадес, раиси ҷумҳури Қибрис, барои музокироти бештар бо намояндагони кишварҳои ҳавзаи евро ва Сандуқи Байналмилалии Пул ба Брюссел сафар мекунад. Бонки Марказии Аврупо гуфтааст, ки агар ҳукумати Қибрис то рӯзи душанбе барномаи наве барои наҷот аз бӯҳрони молиро пешниҳод накунад, кӯмакҳои изтирорӣ ба бонкҳои Қибрисро бозмедорад. Дар сурати чунин кор, Қибрис маҷбур аст, худро варшикаста эълон карда ва аз ҳавзаи евро хориҷ шавад. Созмонҳои молии қарздиҳанда мегӯянд, ба Қибрис дар сурате 10 миллиард евро қарз медиҳанд, ки худаш ҳам дар кӯмаки молӣ ба бонкҳои мӯҳтоҷи кишвар тақрибан 6 миллиард евро саҳм бигирад. Дар музокирот масъалаи ситодани молиёти якдафъагии 20 дар садӣ ва ё бештар аз ин аз амонатгузороне баррасӣ мешавад, ки дар Бонки Қибрис бештар аз 100 ҳазор евроӣ пасандоз доранд.
XS
SM
MD
LG