Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузоре дар Покистон 17 сарбозро кушт


Артиши Покистон мегӯяд, бар асари як бомбгузории интиҳорӣ дар посгоҳе дар наздикии марз бо Афғонистон 17 сарбозашро талаф додааст. Дар баёнияи артиш омадааст, ки ҳамаи ин сарбозон “шаҳид” шудаанд. Аз ин пештар гузориш мешуд, ки дар ҳамлаи бомбгузори маргталаб дар посгоҳе дар вилояти Вазиристони Шимолӣ 6 сарбози покистон кушта шуданд. Ҳеҷ гурӯҳе то кунун масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар дӯш нагирифтааст, аммо Вазиристони Шимолӣ яке аз паноҳгоҳҳои аслии ҷангҷӯёни Толиб ва Ал-Қоида аст, ки алайҳи ҳукумати Покистон меҷанганд. Нерӯҳои Покистон солҳост, барои маҳви ҷангӯҷӯён дар ин минтақа меҷанганд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG