Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи таҳқиқи марги Березовский дар Бритониё


Пулиси Бритониё мегӯяд, мутахассисони кимиёшинос, биолог ва мутахассисони ҳастаӣ барои таҳқиқ ба хонаи Борис Березовский, як сарватманди руси мунтақиди Кремл сафарбар шудаанд, ки ӯро дар хонааш мурда пайдо карданд. Дар баёнияи пулис омадааст, таҳқиқ ба хотири “эҳтиёт” ва эмин нигаҳ доштани маъмурони пулис аст, ки қазияро таҳқиқ мекунанд. Ба гуфтаи пулис, ҷасади Борис Березовский ҳанӯз дар хонааш дар маҳаллае наздик ба шаҳри Лондон аст. Пештар аз ин маъмурони пулис гуфтанд, ки омилҳои марги Березовский номаълум аст, ки ҷасади ӯро рӯзи шанбе дар хонааш пайдо карданд. Ба гуфтаи расонаҳои Бритониё, тани беҷони ӯро дар дохили ҳамомаш будааст. Борис Березовскийи 67-сола аз сарватмандони бонуфузи Русия буд, ки баъди суқути шӯравӣ дар ҷараёни хусусигардонии баҳсбарангез дар ин кишвар пули зиёде ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG