Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Мовароуннаҳр» барои иҷозаи фаъолият ба додгоҳ муроҷиат намуд


Масъулони ширкати «Моваруннаҳр» барои иҷозаи фаъолият, ба Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт муроҷиат кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ки фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» -ро ҳеҷ ниҳоде манъ накардааст. Фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» пас аз ба додгоҳ кашида шудани раиси пешини он Ҷӯрабек Охунов дар соли 2010 ва ҳабси муҳру суратҳисоб ва амволи он, ба мушкил рӯбарӯ шуд.

Тӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ба "Озодӣ" гуфт, ки бо пешинҳоди як ариза ба додгоҳи Сино, хоҳиш кардаанд, ки масъалаи иҷозаи фаъолияти ҳуқуқии ширкатро баррасӣ кунад, то ба бунёди биноҳои ниматамоми худ оғоз намоянд.

Ин дар ҳолест, ки Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз рӯзи 14-уми январи соли равон зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошта буд, ки на Додгоҳи олӣ ва на ҳеҷ ниҳоди дигар фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр»-ро манъ накардааст. Вай гуфта буд, ки бо қарори додгоҳ танҳо амволи ин ширкат ҳабс гардидааст.

Аммо Тӯрабек Охунов, раиси ширкати «Мовароуннаҳр» мегӯяд, ки агар ширкат иҷозаи фаъолияти қонунӣ медошт, ҳоло соҳиби муҳр ва дигар ҳуҷҷатҳои лозима буд ва ба идомаи таъмиру тармими сохтмонҳои ниматамоми худ мепардохт.

Вай вай мегуяд, ки то ҳол истифодаи муҳри ширкат, ки Додситонии кулл манъ карда буд, идома доранд ва суратҳисоби ширкат баста мебошад. Ба гуфтаи ин масъули ширкати "Мовароуннаҳр", вуҷуди ин ҳолатҳо имкон намедиҳад, ки мушкили беш аз 500 муштариёни ширкат ҳаллу фасл карда шавад.

Ба нақли Тӯрабек Охунов, онҳо маҷбур шудаанд, ки барои иҷозаи фаъолият ба додгоҳи Сино муроҷиат кунанд. Вай гуфт, ки додгоҳи ноҳияи Сино ваъда додааст, ки баъди анҷоми таътилҳои наврӯзӣ, ин масъаларо баррасӣ хоҳад кард.

Ҷӯрабек Охунов, раҳбари пешини ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" моҳи октябри соли 2010-ум боздошт шуда, мурофиаи додгоҳии ӯ моҳи августи соли 2011-ум дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта буд. Ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб аз худ кардани маблағҳои мизоҷон, дастгир шуда буд.

Ҳукми номбурда аз сӯи Додгоҳи олӣ эълом шуд ва тибқи он Охунов ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум гардид. Аз се як ҳиссаи ин муҳлат мувофиқи Қонуни афв кам гардида, замони адои ҷазои айбдоршуда аз таърихи бозошти ӯ, яъне ноябри соли 2010-ум ҳисоб карда мешавад. Бар асоси ин, Охунов каме бештар аз 7 соли дигар дар ҳабс боқӣ мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG