Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оинҳои зиндаи наврӯзӣ дар Суғд


T
T

Сокинони Суғд ҷашни миллии Наврӯзро канори ҳам, гирди дастурхонҳои бузурги наврӯзӣ дар деҳот ва шаҳрҳо истиқбол мегиранд.

Гули баҳмангардонии бачагон, таронаву ашӯла ва Нақшу Аҳу яккахонӣ аз ҷониби ҳунарварони мардумӣ, хонатаконӣ, омода кардани таомҳо ва зеб додани дастурхони идона бо “7 син” – у “7 шин” - и наврӯзӣ, маросимҳоест, ки рӯзҳои мо ҳам, дар бархе маҳалҳои Суғд, Хуҷанду Ғафуров, Масчову Панҷакент, Исфараву Конибодом ба таври табиӣ зинда аст.

"Нақшхонӣ" дар бархе маҳалҳои Суғд аз қадим то рӯзҳои мо як ҷузъи муҳими ҷашни Наврӯз аст. Ба гуфтаи Муҳаммади Субҳишоҳ, раҳбари гурӯҳи халқии Нақшхонӣ дар ноҳияи Масчоҳ, ин ҳунари асил реша аз аҳди Шоҳ Ҷамшеди афсонавӣ, замони бостонии кашфи Наврӯз доштааст.

Муҳаммади Субҳишоҳ мегӯяд: “Ин ғазалҳое, ки Нақш мехонем, суханҳои авлиёи парвардигор, ҳазрати Ҳофиз, ҳазрати Ҷомӣ аст. Инҳоро хонданаш ҳам, гӯш карданаш ҳам савоб дорад. Дар рӯзҳои тӯйу сур, хурсандӣ, Наврӯз. ”

Дар Панҷакент то имрӯз “Аҳу якка”- хонӣ зинда аст. Онро мардон, дастҳо ба китфи ҳам, давра гирифта, бо шӯру ҷазба мехонанд. Ва бе мусиқӣ, зеро он суруд нест, аз ниёишҳои гузаштагони тоҷикон ба худои ягона аст. Вале рӯзҳои мо дастаҳои ҳунарварони халқӣ аз саҳнаҳои наврӯзӣ низ иҷро мекунанд.

Хонатаконӣ аз расмҳои аслӣ ва барҷои Наврӯзӣ дар ҳама гӯшаву канорҳои Тоҷикистон аст. Нуралии Нурзод, шоир ва муҳаққиқи ҷавони тоҷик дар бораи боварҳои мардумӣ дар мавриди хонатаконӣ мегӯяд:

“Тозаву тамиз кардани хонаҳо ба истиқболи фариштаҳо аст. Дар ҳар хонае, ки мардум кинаҳоро аз дил бадар мекунанд, гуноҳони ҳамдигарро мебахшанд, ин ба маънои тозаву пок кардани хонаи қалб аст. Рӯзи Нав бояд касе ба касе кинаву кудурат надошта бошад. Бовари мардуми мо ин буд, ки дар он хона, ки касе ба касе душманиву адоват дорад, фариштагон фуруд намеоянд.”

Маҳфилҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар маҳалҳои Суғд бо қироати Қуръон ва дуои мӯйсафедон оғоз мегардад, ки аз худо то наврӯзи дигар амониву ободӣ, файзу баракат серобиву серҳосилӣ металабанд.
XS
SM
MD
LG