Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби коргарони Курдистон расман бо Туркия оташбас эълон кард


Мурод Кара Эйлон, раҳбари ҷиноҳи аскарии Ҳизби коргарони Курдистон.
Мурод Кара Эйлон, раҳбари ҷиноҳи аскарии Ҳизби коргарони Курдистон.

Ҳизби коргарони Курдистон рӯзи шанбеи 23-и март, ду рӯз пас аз паёми Абдулло Оҷалон, раҳбари зиндонии ин гуруҳ, ба таври расмӣ бо Туркия эъломи оташбас кард.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, фармондеҳи низомии ин гуруҳ дар як паёми видеоӣ гуфтааст: «Аз бисту якуми моҳи март ва аз ҳамакнун ба баъд, ба таври шаффоф ва расмӣ эълони оташбас мекунем.»

Ин паёми видеоӣ дар як пойгоҳи интернетии вобаста ба гуруҳи Ҳизби коргарони Курдистон нашр шудааст.

Абдулло Оҷалон рӯзи бисту якуми март дар паёме ба муносибати Наврӯз, ки дар маросиме бо ҳузури садҳо ҳазор курд дар Диёрибакр хонда шуд, аз Ҳизби коргарони Курдистон хост зимни эъломи оташбас, нерӯҳои худро аз Туркия берун кунад.

Абдулло Оҷалон соли 1999 дар Кения дастгир ва сипас ба Туркия интиқол дода шуд. Мақомҳои Туркия аз моҳи октябри соли гузашта то кунун, бо рафтан ба зиндон, бо Абдулло Оҷалон барои барқарории оташбас музокира кардаанд.

Мурод Қара Эйлон, раҳбари ҷиноҳи низомии Ҳизби коргарони Курдистон дар ин паёми видеоӣ гуфтааст, «тасмими гирифташуда аз сӯи раҳбари мо, тасмими ҳамаи мост. Ин тасмимро мепазирем ва онро қабул дорем.»

Мурод Қара Эйлон ҳамчунин гуфтааст, дар сурате, ки давлат ва парлумон масъулиятҳои худро анҷом диҳанд, нерӯҳои Ҳизби коргарони Курдистон низ ақибнишинӣ хоҳанд кард. Вай тавзеҳи бештари дар хусуси ин «масъулиятҳо» ироа накардааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Абдуллоҳ Оҷалон бо вуҷуди он, ки беш аз 10 сол аст дар зиндон ба сар мебарад, аммо ҳамчунон аз нуфузи густурда дар миёни нерӯҳои Ҳизби коргарони Курдистон бархӯрдор аст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, аз оғози эъломи муборизаи мусаллаҳонаи Ҳизби коргарони Курдистон алайҳи давлати Туркия дар соли 1984, то кунун дастикам 40 ҳазор нафар кушта шуданд. Ҳизби коргарони Курдистон хостори додани худмухторӣ ба курдҳои Туркия аст.
XS
SM
MD
LG