Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарватманди машҳур Борис Березовский дар синни 67-солагияш дар Бритониё фавтидааст.

Ҷасади ӯ дар хонааш дар минтақаи Саррейи канораи Лондон ёфт шудааст. Хабари фавти ӯро хешовандонаш тасдиқ карданд. Онҳо ва полис дар бораи сабабҳои даргузашти Березовский иттилое надодаанд, аммо вакили мудофеъ Александр Добровинский дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, ки Березовский худкушӣ кардааст.

Чанд моҳ пеш Борис Березовский дар як баҳси додгоҳӣ ба сарватманди дигар, соҳибимтиёзи дастаи футболи "Челсӣ" Роман Абрамович бохт ва акнун маҷбур буд, 35 миллион паунд харҷи додгоҳии рақиби худро бидиҳад. Ҳамчунин, дар мурофиаи дигар ҳамсари собиқаш Елена Горбуноваи 43-сола аз Березовский маблағи наздик ба 40 миллион долларро талаб карда буд. Наздиконаш гуфтаанд, сармоядор моҳҳои охир бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ гашта, дар ғояти афсурдагӣ аз хона берун намерафт ва бо касе муошират кардан намехост.

Березовский яке аз машҳуртарин "олигарх"-ҳои Рустя дар давраи раёсатҷумҳурии Борис Елстин дар солҳои 1990 аз қудрати зиёди сиёсӣ бархӯрдор буд. Вай ҳамчунин як муддат раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Муштаркулманофеъ буд.

Сармоядори машҳур дар соли 2000-ум зери фишори президент Владимир Путин қарор гирифт ва ба Бритониё ҳиҷрат карда, дар Лондон зиндагӣ мекард. Дар Русия ӯро ғоибона дар сирқати амвол ва айбдор ва ба 13 соли ҳабс маҳкум карда буданд. Русия борҳо истирдоди Березовскийро талаб мекард, аммо Бритониё бо назардошти паноҳандагии сиёсӣ ӯро ба мақомоти Русия намедод.

Бино ба изҳороти худи ӯ, дар ин муддат шаш дафъа ба ҷони вай суиқасд карданд. Дар ҳамлаи охир ба ӯ дар Лондон дар моҳи июни соли 2007 ронандаи Березовский ба ҳалокат расида, муҳофизи ӯ шадидан захмӣ шуд, аммо худаш бо ҷароҳати сабук ҷон ба саломат бурд.

Березовский се бор издивоҷ карда, аз ӯ шаш фарзанд ва шаш набера мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG