Пайвандҳои дастрасӣ

Попи нави Рум бо попи пешин мулоқот кард


Попи нави Рум имрӯз бо попи пешин Бенедикти 16 мулоқоти рӯ ба рӯ дошт, ки дар таърихи калисои католик бори аввал хоҳад буд. Поп Франсис рӯзи шанбе бо попи собиқ Бенедикти 16 дар Кастел Гандолфо қароргоҳе дар наздикии пойтахти Итолиё гуфтӯгу хоҳанд кард, ки Бенедикт баъди истеъфояш аз мақоми Попи Рум дар моҳи феврал дар ҳамонҷо зиндагӣ мекунад. Ватикан гуфтааст, ки мӯҳтавои сӯҳбати попи нави 76-сола аз Аргентина ва попи пешини 85-солаи олмониро ифшо нахоҳад кард. Бенедикти 16, моҳи гузашта бо зикри пириву нотавонӣ аз мақомаш истеъфо дод, ки ин корро ҳеҷ яке аз пешвоёни католикҳои ҷаҳон дар 600 соли гузашта накардаанд. Хорхе Берголио рӯҳонии аргентинагиро рӯзи сешанбе расман ба мақоми Попи Рум нишаст ва номи Франсисро интихоб кард.
XS
SM
MD
LG