Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи боздиди раиси ҷумҳури Чин аз Русия


Хи Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, ҳангоми боздидаш аз Русия аз ҳамкориҳои қавӣ миёни ду кишвар ситоиш кард. Рӯзи шанбе дар мулоқот бо Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, Хи Ҷипинг гуфт, ки ҳосили натиҷаҳои сафараш беш аз интизороташ будааст. Раиси ҷумҳури Чин дар суханроние дар ҳузури донишҷӯёни рус дар Маскав, гуфт, ки равобити қавии Чину Русия, кафолати тавозуни стротежии қудрат дар ҷаҳон аст. Ӯ ҳамчунин алайҳи дахолати хориҷӣ ба умури кишварҳои мустақил ҳушдор дод. Хи Ҷипинг, ки ҳафтаи гузашта раиси ҷумҳури Чин интихоб шуд, нахустин сафараш ба хориҷро аз Русия шурӯъ кард ва дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин гуфтааст, ҳарду тараф мувофиқанд, ки ҳимоят аз ҳамдигарро тақвият бахшанд. Мақомоти Русияву Чин дар ин сафар аз ҷумла дар бораи фурӯши нафт ба Чин қарордод ва санади ҳусни тафоҳум дар бораи бунёди як лӯлаи нав газ аз Русия ба Чинро имзо кардаанд.
XS
SM
MD
LG