Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин масъалаи таъини маош ба имомхатибонро баррасӣ мекунад


Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки масъалаи таъини музди кор барои имомхатибони масҷидҳои кишварро баррасӣ мекунад.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 23-уми март дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҳоло мутахассисони ин ниҳод сари ҳамин масъала кор мекунанд: «Мо воқеан ҳамин гуна ният дорем. Дар ин маврид президент як маротиба ишора карда буданд. Ҳоло мо дар сари ин масъала кор карда истодаем.»

Мавлон Мухторов - муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон
Мавлон Мухторов - муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон
Ҷаноби Мухторов афзуд, ки маош барои имомхатибон на дар ояндаи наздик, балки пас аз омӯзиш ва муайян шудани тартиби он муқаррар карда мешавад. Ба гуфтаи вай, маоши имомхатибон низ мисли дигар кормандон аз ҳисоби будҷаи давлат пардохт карда мешавад. Дар бархе аз кишварҳои мусулмоннишин таҷрибаи пардохти маош ба имомхатибони масҷид аз ҳисоби будҷаи давлат роиҷ аст. Аз ҷумла, Малайзия ва Туркия аз ҳисоби будҷаи давлатиашон ба имомхатибони масҷид маош медиҳанд. Дар бархе аз дигар кишварҳои исломӣ имомхатибон аз ҳисоби сандуқи хайрияи масҷидҳо ва таълими шариат ба хонандагон касби маош мекунанд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, коршиноси умури дин дар Тоҷикистон, мегӯяд, масҷидҳо дар дигар кишварҳои исломӣ чандин манбаи даромад доранд, ки дар мо нест: «Аксарияти масҷидҳо, масалан дар Покистон, аз ҳисоби маблағҳои закот ва вақф даромад доранд. Низоми вақф дар ин кишвар вуҷуд дорад ва имомхатибон аз ҳисоби ҳамин маблағҳо маош мегиранд. Аммо дар мо имомхатибон ба қатори ҳама шуғли дунявии дигаре доранд ва аз ҳамин ҳисоб зиндагиашонро пеш мебаранд.»

Маҳмудҷон Файзраҳмонов - коршиноси умури дин
Маҳмудҷон Файзраҳмонов - коршиноси умури дин
Ҷаноби Файзраҳмонов афзуд, ки дар Тоҷикистон масҷидҳо мушкилоти зиёде доранд. Ба гуфтаи ӯ, масҷидҳо баробари корхонаҳои истеҳсолӣ пули барқро пардохт мекунанд ва мизони андозашон ҳам хеле баланд аст. Чун дар Тоҷикистон таълими илоҳиёт дар назди масҷидҳо мамнӯъ эълон шудааст, аксари имомхатибони масҷидҳо аз ҳисоби хондани дуо, гузаронидани маросимҳои динӣ, ба мисли ҷанозаву худоӣ, маблағ ба даст меоранд. Аммо ҳастанд имомхатибоне, ки дар қатори имоматиашон шуғли дигаре низ доранд.

Домулло Юсуфхон, имомхатиби яке аз масҷидҳои ноҳияи Шаҳринав, мегӯяд, ӯ аз рӯи имоматиаш дар масҷид даромаде ба даст намеорад: «Ман дар қатори имоматиам ба парвариши ҷорво машғулам ва аз ин ҳисоб хароҷоти рӯзгорамро мепӯшонам. Имомхатибӣ барои ман беш аз як кори хайр нест.»

Аммо ҳуқуқшиносон мегӯянд, пардохти маош ба имомхатибон муқобили бандҳои Конститутсияи кишвар аст ва рӯҳониёнро пойбанди давлат мекунад.

Шокирҷон Ҳакимов - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Шокирҷон Ҳакимов - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дар робита ба ин масъала дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт: «Давлати мо мувофиқи Конститутсия дар радифи демократию иҷтимоӣ ва ягона буданаш, давлати дунявӣ низ ҳаст. Таъин намудани маош аз ҳисоби будҷаи давлат ба имомхатибон принсипи дунявияти давлати моро халалдор мекунад ва аз ҷониби дигар, рӯҳониёнро сахт аз давлат вобаста месозад.»

Ҷаноби Ҳакимов афзуд, ки танҳо ба имомхатибон таъин намудани маоши расмӣ дар кишвар баробарии динҳоро халалдор мекунад. Зеро дар Тоҷикистон дар қатори масҷидҳо, инчунин, синагога ва калисоҳо низ ҳастанд ва дар сурати таъини маош ба имомхатибони масоҷид зарурати пардохти маблағ ба роҳибони калисо низ пеш меояд.
XS
SM
MD
LG