Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Лубнон аз мақомаш истеъфо дод


Наҷиб Миқотӣ, нахуствазири Лубнон, бинобар моҷаро бар сари қабули қонуни нави интихобот ва тамдид нашудани мӯҳлати кори фармондеҳи нерӯҳои вазорати умури дохилӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ӯ рӯзи ҷумъа дар як суханронии телевизионӣ истеъфои худро эълон кард. Бӯҳрони сиёсӣ дар Лубнон дар ҳолест, ки муноқиша дар Сурия ба авҷ гирифтани танишҳои мазҳабӣ дар Лубнон мусоидат кардааст, ки ҳоло 360 ҳазор паноҳанда аз Сурияро мизбонӣ мекунад. Баъди моҳҳо кашмакаш порлумони Лубнон, натавонист, сари тарҳи нави қонуни интихобот ба тавофуқ бирасад, агарчӣ то худи интихобот тақрибан се моҳи дигар мондааст. Порлумони Лубнон ҳамчунин раёсати Ашраф Рафӣ, фармондеҳи нерӯҳои дохилии кишварро тамдид накард. Ашраф Рафӣ, ки мисли нахуствазири суннимазҳаб аст, бояд то моҳи оянда бознишаста шавад.
XS
SM
MD
LG