Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф баъд аз 4 соли табъид ба Покистон баргашт


Парвез Мушарраф. Акс аз бойгон.
Парвез Мушарраф. Акс аз бойгон.

Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи Покистон баъд аз чаҳор соли ғурбат рӯзи якшанбе ба кишвараш баргашт.

Ӯ субҳи рӯзи якшанбе аз Дубай вориди шаҳри бандарии Карочӣ шуд, то дигарбора ба саҳнаи сиёсат ворид шавад. Ӯро чанд нафар аз афроди бонуфузи ҳизби Лигаи Мусулмонони Покистон ҳамроҳӣ мекарданд. Ба гузориши бахши покистонии Радиои Озодӣ, тарафдорони Парвиз Мушарраф ӯро дар назди фурудгоҳи Карочӣ мунтазир буданд ва ба тарафдории ӯ шиор медоданд.

Генерали собиқи Покистон, ки дар як табаддулоти бехунрезӣ ба қудрат расида буд, мехоҳад дигарбора бо ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯи порлумонӣ ба саҳнаи сиёсат бозгардад. Ба эҳтимоли ғолиб, Парвиз Мушарраф дар корзори интихоботи порлумонии рӯзи 11-уми май як шохаи Ҳизби Робитаи мусалмонони Покистонро раҳбарӣ хоҳад кард, ки дар хориҷ таъсис дода буд.

Аммо бозгашти Парвиз Мушарраф ба Покистон олуда ба хатари зиёд аст. Пеш аз омаданаш, Толибони Покистон таҳдид карданд, ки агар баргардад, ӯро мекушанд. Дигар ин ки, худи Мушарраф соли 2008 баъди моҷарои зиёд бо додгоҳу порлумон ва иттиҳомоти ҷиноӣ нисбат ба ӯ аз мақомаш истеъфо дода буд. Ӯро аз ҷумла ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекунанд, ки ба нақшаш дар табадуллоти низомии соли 1999 иртибот дорад, ки Мушаррафро ба қудрат расонд.

Мушарраф барои муҳайё накардани тадобири амниятӣ барои ҳифзи ҷони нахуствазири пешини Покистон Беназир Бҳутто гунаҳкор дониста мешавад.
Мушарраф барои муҳайё накардани тадобири амниятӣ барои ҳифзи ҷони нахуствазири пешини Покистон Беназир Бҳутто гунаҳкор дониста мешавад.
Ҳамчунин, Мушарраф ба он муттаҳам мешавад, ки натавонист амнияти лозимро барои муҳофизати рақибаш Беназир Бҳутто, нахуствазири собиқи Покистон, таъйин кунад, ки ӯро соли 2007 куштанд. Бархе дигар Парвиз Мушаррафро дар қатли Акбар Бугтӣ, як раҳбари миллатгароёни балуҷҳои Покистон, ҳам муттаҳам мекунанд. Бо назардошти ин ҳама, дар Покистон ин суолро матраҳ мекунанд, ки чаро сиёсатмадоре, ки шанси зиёде барои эҳёи обрӯяш надорад ва рӯзҳои сиёҳе ӯро дар ватанаш интизор аст, мехоҳад ба кишвараш бозгардад.

Майкл Кугелман, таҳлилгари Осиёи Ҷанубӣ дар Маркази байналмилалии Вудров Вилсон, мегӯяд, Парвиз Мушаррафро дар кишвараш ба ҳайси диктаторе мешиносанд, ки ба хотири ҳифзи қудраташ борҳо вазъи фақвулода эълон кардаву кӯшидааст, ки матбуотро хомӯш кунад ва низоми додгоҳиро ба худ тобеъ намояд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи вай, Мушарраф мехоҳад ҳоло ин доғро аз номаш бишӯяд ва худро наҷотбахше вонамуд кунад, ки ба Покистон омадааст ва метавонад онро аз мушкилоти иқтисодии бисёр, камбуди нерӯи барқ ва хунрезиву хушунати зиёд наҷот диҳад.

Ӯ бисёр муштоқи эҳёи обрӯяш аст, ки хеле латма дида. Аз ин рӯ, мехоҳад баргардад ва нишон бидиҳад, ки агар дар берун ҳам буд, вале ба Покистон вафодор аст. Ӯ худро ҳанӯз як бахши ҷудоинопазири кишвараш медонад ва мехоҳад инро бо расидан ба мақоме нишон бидиҳад. Мушарраф, ҳамчунин, фикр мекунад, ки ӯ қодир аст, корҳоеро дар Покистон ба сомон бирасонад, ки дигарон иҷрои онҳоро имконнопазир медонанд ва мехоҳад бозгардаду кишварро аз ҳама ранҷу машаққатҳояш озод кунад.

Парвиз Мушарраф соли 2008 баъди он аз мақомаш истеъфо дод, ки шохаи Қоиди Аъзами Ҳизби робитаи мусалмонони Покистон аз муттаҳидони аслии ӯ дар интихобот шикаст хӯрд ва ҳукумати нави ғайринизомӣ таҳдид кард, ки бо раъйи адами эътимод ӯро барканор хоҳад кард. Як сол баъд аз ин Парвиз Мушарраф аз Покистонро рафт ва бо бештар шудани иттиҳомот нисбат ба ӯ дигар барнагашт. Худи Парвиз Мушарраф мегӯяд, ки тамоми иттиҳомот нисбат ба ӯ бепояву асос аст ва ӯ ҳозир аст, ки дар додгоҳ ба ин ҳама иддаоҳо посух диҳад.

Шуҷоъ Навоз, таҳлилгар ва муаллифи як китоб дар бораи артиши Покистон, мегӯяд, бозгашти Парвиз Мушарраф ба кишвараш кори оқилонае нест, зеро аввалан артиши пурқудрати Покистон майле надорад, ки бо бозгашти ӯ дигарбора масъалаи нақши артиш дар сиёсатгузорӣ ва идораи умур дар Покистон авҷ бигирад, дувум ин ки ҳукумат қодир ба таъмини амнияти ӯ нест.

Генерал Мушарраф дар моҳи октябри соли 1999, бо роҳандозии як кудатои низомӣ, ҳукумати нахусвазири Навоз Шарифро вожгун кард.
Генерал Мушарраф дар моҳи октябри соли 1999, бо роҳандозии як кудатои низомӣ, ҳукумати нахусвазири Навоз Шарифро вожгун кард.
Ба андешаи Шуҷоъ Навоз, мудири бахши Осиёи Ҷанубӣ дар Шӯрои Атлантик дар Вашингтон, интихобот ҳам наметавонад барои Парвиз Мушарраф самарае диҳад, зеро шанси ҳизби ӯ, ки дар ғурбат таъсис додааст, барои ба даст овардани аксарияти курсиҳо ва таъсиси ҳукумати Покистон зиёд нест. Гузашта аз ин, аксари сиёсатмадорони шинохтаи Ҳизби робитаи мусалмонони Покистон ва муттаҳидони аслии Мушарраф, ин ҳизбро тарк кардаанд.

Аммо Майкл Кугелман, таҳлилгари Осиёи Ҷанубӣ дар Маркази Байналмилалии Вудров Вилсон, ба ин ҳад бадбин нест ва мегӯяд, бо назардошти ноумедӣ ва яъси мардуми зиёде дар Покистон ва солҳои ба ҳадде оромии аҳди Мушарраф теъдоди қобили мулоҳизаи онҳо ба Парвиз Мушарраф бо чашми умед менигаранд.

Дар маҷмӯъ, Парвиз Мушарраф иқтисоди Покистонро дар ҳоли шино нигаҳ дошт, агарчӣ он аз хушунат осеб медид, вале на ба ҳадде, ки ҳоло мебинад. Ба андешаи ман, мардум он аҳдро ба ёд меоранд ва шояд он давраи оромиро ба фарде рабт медиҳанд, ки дар он замон раҳбари кишвар буд.
XS
SM
MD
LG