Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро дигарбора кишвари худкома хонданд


The Economist Intelligence Unit яке аз шохаҳои пажӯҳишии маҷаллаи мӯътабари бритониёё “Экономист,” бо нашри шохиси демократия дар кишварҳои ҷаҳон, Тоҷикистонро дар мақоми 151-ум ва дар радифи кишварҳои худкома қарор додааст. Шохиси мазкур бар асоси назархоҳиву арзёбиҳои коршиносон ва бо назардошти мавҷудияти гуногунандешӣ, озодиҳои шаҳрвандӣ, фаъолияти ҳукумат, фарҳанги сиёсӣ ва ширкати мардум дар ҷараёнҳои сиёсӣ таҳия шудааст. Тоҷикистон на танҳо дар ин шохис, балки дар гузоришҳои дигари созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳамчун кишвари ғайридемократӣ тавсиф мешавад. The Economist Intelligence Unit дар радифи Тоҷикистон, ҳамчунин Русия, Озарбойҷон, Белорус, Туркманистону Афғонистону Қазоқистонро кишварҳои ғайридемократӣ ва худкома арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG