Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду попи Рум имрӯз мулоқот мекунанд


Попҳои собиқ ва нави Рум имрӯз дар наздикии шаҳри Рум, мулоқоти рӯ ба рӯ хоҳанд дошт, ки дар таърихи калисои католик бори аввал хоҳад буд. Поп Франсис рӯзи шанбе бо попи собиқ Бенедикти 16 дар Кастел Гандолфо қароргоҳе дар наздикии пойтахти Итолиё гуфтӯгу хоҳанд кард, ки поп Бенедикт баъди истеъфояш аз мақоми Попи Рум дар моҳи феврал дар ҳамонҷо зиндагӣ мекунад. Ватикан гуфтааст, ки мӯҳтавои сӯҳбати попи нави 76-сола аз Аргентина ва попи пешини 85-солаи олмониро ифшо нахоҳад кард. Бенедикти 16, моҳи гузашта бо зикри пириву нотавонӣ аз мақомаш истеъфо дод, ки ин корро ҳеҷ яке аз пешвоёни католикҳои ҷаҳон дар 600 соли гузашта накардаанд. Хорхе Берголио рӯҳонии аргентинагиро рӯзи сешанбе ба ҳайси Попи Рум баргузиданд ва ӯ номи Франсисро интихоб кард.
XS
SM
MD
LG