Пайвандҳои дастрасӣ

"Терминатор"-и Конгоро ба додгоҳи СММ оварданд


Боско Нтаганда, як ҷангсолори Конгоро, ки ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мешавад, ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд оварданд. Ӯ, ки ба қатлу куштор, таҷовузи ҷинсӣ ва истифодаи кӯдакон ба ҳайси сарбоз муттаҳам мешавад, нахустин муттаҳам ба ҷиноятҳои ҷангист, ки довталабона худро ба додгоҳи байналмилалӣ таслим кардааст. Ин ҷангсолори Конго, ки бо номи “Терминатор” маъруф шудааст, рӯзи душанбе дар сафорати Амрико дар Руанда худро таслим кард. Боско Нтагандаро рӯзи шанбе ба Додгоҳи Гаага оварданд ва қарор аст, рӯзи сешанбе муҳокимаи ӯ шурӯъ шавад. Ин фард дар ҷангҳои соли 2002-2003 дар шарқи Ҷумҳурии Демократии Конго фармондеҳӣ мекард ва мегӯянд, ки бо фармони ӯ садҳо нафарро куштаанд.
XS
SM
MD
LG