Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба Хоманаӣ: "Таҳдидро канор гузоред"


Барак Обама мегӯяд, раҳбари Эронро беҳтар аст, ки ба ҷои таҳдид аз беҳбуди вазъи кишвараш андеша кунад.

Барак Обама, президенти ИМА, рӯзи ҷумъаи 22-уми март гуфт, ки раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эронро беҳтар аст, ки ба ҷои таҳдиди нобуд кардани шаҳрвандони Исроил замони бештареро сарфи беҳбуди шароити зиндагии мардуми худ кунад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Барак Обама, ки дар идомаи сафари худ ба Ховари Миёна аз кишвари Урдун боздид мекард, бо ишора ба муноқишаи атомии Теҳрон изҳор дошт, ки Эрон агар барномаи ҳастаии худро боздорад, метавонад ояндаи фарқкунанда аз имрӯз дошта бошад. Ба гуфтаи Обама, агар таҳримҳои Ғарб бекор шаванд, Эрон имкон дорад, ки шароити кишварашро беҳбуд бахшад ва тиҷорати худро бо дигар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, тавсеа диҳад.

Президенти ИМА афзуд, «дурнамои онҳо бояд ин масъала бошад, на он ки таҳдид ба нобуд кардани шаҳрвандони Исроил кунанд.»

Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон Саид Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар нахустин суханронии худ дар соли нави ҳиҷрӣ-хуршедӣ дар шаҳри Машҳад ва Ҳарами Имом Ризо-имоми ҳаштуми шиаиён гуфт, "раҳбарони Исроил, ҳар гоҳе ки Эронро таҳдид мекунанд, бояд бидонанд, ки агар ҳар ғалате бикунанд, Ҷумҳурии Исломӣ Телавив ва Ҳайфаро ба хок яксон хоҳад кард."

Ӯ ҳамчунин бо ишора ба баҳси музокира бо Амрико гуфт, ки бо он мухолифате надорад, гарчи наметавонад хушбин ҳам бошад. Оқои Хоманаӣ таъкид кард, ки ин кишвар бояд ҳаққи Эрон барои ғанисозии уранро ба расмият бишносад ва «даст аз душманӣ» бардорад.

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт: «Баҳси музокира як тактика барои фиреби афкори умумии дунё ва миллати Эрон аст. Шумо (Амрико) собит кунед, ки ин тавр нест.»

Гуфта мешавад, Эрон соҳиби мушакҳои баллистикиест, ки қудрати парвоз то Исроилро доранд. Гузашта аз ин, равобити наздики Эрон бо душманони Исроил дар минтақа, ба мисли Ҳизбуллоҳи Лубнон ва исломгароёни Ҳамос, ки Ғазаи Фаластинро дар ихтиёр доранд, таҳдиди дигаре барои Исроил маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG