Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрванди тоҷик бо 30 кило афюн дастгир шуд


Кормандони сарраёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддир дастгир кардаанд.

Хабаргузории KG-inform ба нақл аз Кумитаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қирғизистон менависад, рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон дар як деҳаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд як шаҳрванди Тоҷикистон дастгир гардид, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи вай 12 килою 250 грамм афюн кашф ва мусодира шуд. Зимни бозпурсӣ нафари муттаҳам ба интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтааст, ки миқдоре аз мухаддиротро дар зери купруки болои дарё пинҳон кардааст. Кормандони мақомот ҳангоми кофтукови ин пинҳонгоҳ 18 килою 560 грамм афюни дигарро дарёфт кардаанд. Ба иттилои манбаъ, миқдори умумии маводи мухаддири ба хоки Қирғизистон воридкардаи ин шаҳрванди Тоҷикистон 30 килою 810 грамм арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG