Пайвандҳои дастрасӣ

Идораи роҳи оҳани Узбакистон тасмим гирифтааст, ки роҳи оҳанро аз ин кишвар ба шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон тасвеа диҳад.

Ба таъкиди Идораи роҳи оҳани Узбакистон, тибқи нақша ба арзиши 450 миллион доллар роҳи оҳан ба дарозии 230 километр тамдид мешавад, ки шаҳрҳои Хайратон ва Мазори Шарифу Шерхон Бандари Қундузро бо сарҳади Тоҷикистон дар дарёи Панҷ васл мекунад ва ба тахмини коршиносон, такмили ин лоиҳаи нав то соли 2015 ба анҷом хоҳад расид.

Наврӯз Эркинов, раиси Идораи роҳи оҳани Узбакистон, гуфтааст, ин роҳи оҳан баъдан то вилояти Ҳирот тамдид гардида, пас аз он ба роҳи оҳан дар ғарби Узбакистон, ки то ҳанӯз такмил нашудааст, пайваст мешавад. Ба гуфтаи Эркинов, ин лоиҳа аз ҷониби Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ мегардад. Эркинов афзудааст, Узбакистон барои бозсозии Афғонистон ҳамеша кумак мекунад ва ба ҳамкориҳои худ идома хоҳад дод. Зеро лоиҳаҳои нақлиётӣ барои иқтисоди ҳарду кишвар аҳамияти зиёд дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран роҳбарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон ёддошти тафоҳуми ҳамкориро миёни ин се кишвар шоми чоршанбеи 20 март дар шаҳри Ашқобод имзо карданд. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар мулоқоти сеҷонибаи президентони ин се кишвар тарҳи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Туркманистон тариқи қаламрави Афғонистон, маблағгузорӣ ва наҳваи иҷрои он аз мавзӯъҳои меҳварӣ будааст.

Дар нишасти матбуотие, ки дар поёни ин мулоқот сурат гирифт, раисони ҷумҳури ҳарсе кишвар бунёди роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Туркманистон тариқи Афғонистонро барои густариши ҳарчӣ бештари робитаҳои иқтисодию тиҷоратии минтақа муҳим арёбӣ карданд. Хоса, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, таъкид кард, ки сохтмони ин роҳ омили рушди иқтисодии Афғонистон гардида, ҳамкориҳои минтақавиро густариш хоҳад дод.

Зимнан, масъалаи сармоягузории ин тарҳ дар чаҳорчӯби Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ дар моҳи октябри соли 2012 мувофиқа шуда буд, ки интизор меравад, роҳи оҳани Тоҷикистон ва Туркманистон тариқи Афғонистон то соли 2015 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Тавофуқи раисони ҷумҳури се кишвар бар сари сохтмони роҳи қатор дар ҳолест, ки Тоҷикистон ахиран аз ширкат дар тарҳи роҳи оҳани Чин то Афғонистону Эрон сарфи назар шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG