Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил баъди се сол аз Туркия маъзарат хост


Нахуствазири Исроил барои ҳалокати нӯҳ тан аз ҷонибдорони Фаластин, ки турк буданд, расман аз Туркия маъзаратхоҳӣ кард.

Ин афрод се сол пеш ҳангоми ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба киштие, ки мехост муҳосираи дарёии навори Ғаззаро шикаста ба фаластиниҳо кумаки башарӣ расонад, кушта шуданд.

Рӯзи ҷумъа дафтари нахуствазири Исроил хабар дод, ки Бенямин Нетаняҳу дар як сӯҳбати телефонӣ бо нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз номи давлаташ расман маъзаратхоҳӣ кардааст. Нахуствазири Исроил ҳамчунин барои пардохти ҷубронпулӣ ба хонаводаҳои қурбониёни он ҳамла изҳори омодагӣ кардааст.

Сӯҳбати телефонӣ бо ибтикори раисиҷумҳури ИМА Барак Обама доир шуд. Қабл аз парвоз ба Урдун Обама дар нишасти хабарӣ дар фурудгоҳи Тел-Авив хабар дод, ки гуфтугӯи телефонӣ миёни нахуствазирони Исриолу Туркия ба вуқӯъ пайваст. “Иёлоти Муттаҳида ба ҳамкории наздик бо Туркия ва Исроил арҷ мегузорад, мо ба эҳёи робитаҳои мусбии миёни онҳо ба хотири таҳкими сулҳ ва амният дар минтақа аҳамияти бузург медиҳем”, гуфта шудааст дар изҳороти раисиҷумҳури Амрико.

31 майи соли 2010 корвони киштиҳои ҳомили кӯмаки башарӣ талош кард, ки муҳосираи дарёии Ғаза аз сӯи Исроилро шиканад ва аммо низомиёни исроилӣ ба ин монеъ шуданд. Дар бархурди болои киштӣ 9 ҳомии ҳуқуқи башари
Як пора навори ҳамла ба киштӣ

Як пора навори ҳамла ба киштӣ

пуштибон аз Фаластин кушта шуданд, ки 8 нафари онҳо шаҳрвандони Туркия буданд. Ин ҳодиса муносибатҳои миёни Туркияву Исроилро ба якборагӣ сард кард. Анкара ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба корвони киштиҳоро шадидан маҳкум намуд ва сафирашро аз Исроил бозхонд. Ҳамкории низомӣ миёни Туркия ва Исроил низ мунҷамид шуд.

Чанд ҳафта баъд аз ҳодиса коршиносони СММ амалиёти нерӯҳои Исроил алайҳи корвони киштиҳои ҳомили ёриҳо ба навори Ғаззаро таҳқиқ карданд. Гурӯҳи сенафарии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, ки Исроил дар ҷараёни амалиёт қонунҳои байналмилалиро нақз кардааст. Ҳомиёни ҳуқуқи башар муҳосираи баҳрии сарзамини фаластиниро низ ба далели вуҷуди бӯҳрони башарӣ дар он рӯзҳо ғайриқонунӣ хонда буданд.

Анкара қаблан чандин бор таъкид кард, ки ба эътидоли равобит бо Исроил фақат баъд аз узрхоҳии расмии Тел-Авив барои ҳалокати шаҳрвандони Туркия дар ҳамла ба корвони киштиҳо бо кумаки башарӣ барои Ғазза розӣ хоҳад шуд. Аммо мақомоти Исроил пайваста посух медоданд, ки ҳарчанд аз ҳодисаи рӯйдода мутаассифанд, вале “барои дифоъ аз худ узрхоҳӣ карданӣ нестанд”
XS
SM
MD
LG