Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WEF: Тоҷикҳо ба хориҷиҳо муҳаббати зиёд доранд


Миёни мардуми Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар тоҷикҳо аз омадани хориҷиҳо ба кишварашон истиқбол мекунанд.

Пажуҳиши Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) дар чаҳорчӯби таҳқиқи вазъи ҷаҳонгардӣ дар олам, ки ахиран нашр шуд, ба ин далолат мекунад.Ин назарпурсӣ охирҳои соли 2011 ва аввалҳои соли 2012 доир шуда, 140 кишварро фаро гирифтааст. Онро дар Тоҷикистон бо дархости Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ маркази назарсанҷии “Зеркало” анҷом додааст. Ба афроде, ки дар назарпурсӣ ширкат кардаанд, посухи фақат як суолро хостаанд – “Дар кишвари шумо хориҷиёнро то куҷо самимона қабул мекунанд?”. Мусоҳибон бояд сатҳи муҳаббату самимият ба хориҷиҳоро бо баҳои аз 1 то 7 арзёбӣ мекарданд ва 7 – сатҳи волотарини муҳаббату самимият буд.

Дар раддабандии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистон бо 6,5 хол дар мақоми 30-юм ҷой гирифтааст. Ба назар мерасад, ки сокинони ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон ва Қирғизистон ба хориҷиҳо таваҷҷуҳи зиёд надоранд, ин кишварҳо дар раддабандӣ мутаносибан ҷойҳои 60 ва 107-умро ишғол кардаанд. Назарпурсӣ дар Ӯзбакистону Туркманистон доир нашудааст.

Русия бо мақоми 138-ум дар раддбандӣ ба сафи се кишваре шомил шудааст, ки шаҳрвандонаш хориҷиҳоро таҳаммул намекунанд. Дар ҷойи 139-ум Венесуэла ва дар зинаи аз ҳама охир Боливия қарор гирифтаанд.

Дар Эрону Покистон ва Арабистони Саудӣ ҳам фазо барои хориҷиҳо мусоид нест. Сокинони чанд кишвари Аврупои шарқӣ – Украина, Руминия, Лаҳистон ва Маҷористон ҳам аз омадани хориҷиҳо ба кишварашон нороҳатанд. ИМА ва Чин дар миёнаҳои раддабандӣ ҷойгир шудаанд.

Аммо сокинони Исландия аз ҳама бештар аз омадани хориҷиҳо ба кишварашон шод мешаванд. Дар Зеландияи нав, Марокаш, Ирландия, Канада, Австрия, Швейсария, Шветсия, Таиланд, Аморати муттаҳидаи араб ва чанд кишвари воқеъ дар шарқи қораи Африқо ҳам хориҷиҳо метавонанд худро хело роҳат эҳсос кунанд.

Рӯзномаи The Washington Post навиштааст, ки ҳадафи муаллифони назарпурсӣ – ошкор кардани то куҷо боз будани кишварҳо барои ҷаҳонгардӣ ва сайёҳони хориҷист. Аммо, афзудааст нашрия, мушаххас кардани як қойидаи умумӣ, ки мақоми кишварҳо дар раддабандиро маънидод кунад, ғайримумкин аст. Муаллифони гузориши Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ҳам натиҷаҳои назарпурсиро шарҳ надодаанд.
XS
SM
MD
LG