Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Путин бо Ҷинпин дар Кремл


Путин ва Ҷинпин дар Кремл
Путин ва Ҷинпин дар Кремл
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин нахустин мулоқоташ бо раҳбари нави Чин Шӣ Ҷинпинро, ки бо як сафари расмии серӯза дар Маскав қарор дорад, анҷом дод. Ду раҳбар ба аҳамияти равобити ду кишвар дар соҳаи тиҷорати дуҷониба ва нуфузи онҳо дар масоили ҷаҳонӣ таъкид карданд. Путин аз ҷумла гуфт: «Равобити Русияву Чин муҳимтарин омили сиёсати ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ва ин ҳама ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми Чин ва мардуми Русия аст.» Шӣ Ҷинпин қабл аз ин мулоқот гуфт, интихоби Русия ба ҳайси нахустин нуқтаи сафари хориҷиаш “аҳамияти бузургеро, ки Чин барои равобиташ бо Русия қоил аст, нишон медиҳад.” Русия аз ташнагии ношикастании ин ҳамсояаш ба маводи сӯхт фоида мебарад ва интизор меравад, аксари созишномаҳои Маскаву Пекин дар соҳоти нафту газ баста шаванд.
XS
SM
MD
LG