Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Магнитский аз сар гирифта шуд


Имрӯз дар Маскав мурофиаи баъдимаргии вакили мудофеъ Сергей Магнитскийро аз сар гирифтанд.Магнитский соли 2008 дар пайи ба тахаллуфи 230 миллион доллар пули андоз айбдор кардани мақомҳои давлатӣ боздошт шуда, тақрибан баъди як сол дар боздоштгоҳ даргузашт. Вакилони Магнитский имрӯз аз қозӣ хостанд, ки мурофиаро то замони судури ҳукми Додгоҳи Қонуни асосӣ дар бораи то куҷо қонунӣ будани муҳокимаи парвандаи нафари фавтида ба таъхир гузорад. Пайвандони Магнитский мурофиаро бойкот кардаанд. Қазияи Магнитский мояи танишҳо байни Русияву Амрико шудааст. Амрико соли гузашта қонуне қабул кард, ки мақомоти дахил дар марги Магнитский ва дигар мавориди нақзи ҳуқуқи башарро муҷозот мекунад. Русия дар посух фарзандхонии атфоли русро барои атбоъи Амрико манъ кард.
XS
SM
MD
LG