Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 кушта дар таркиши бомб дар Балуҷистон


Бар асари таркиши бомб дар як бозори пуриздиҳом дар вилояти ошӯбзадаи Балуҷистони Покистон 7 тан кушта ва дастикам 30 нафар захмӣ шудаанд. Бомб дар як мопед ҷобаҷо шуда буд, вале раҳбари пулиси ноҳияи Ҷаъфаробод Исрор Аҳмад ба Озодӣ гуфт, касе масъулияти ҳамлаи имрӯзаро ба дӯш нагирифтааст. Балуҷистон, ки бузургтарин вилояти Покистон ва ҳаммарз бо Эрону Афғонистон аст, дар солҳои охир ба мавҷи куштори шиъаҳо аз сӯи сунниҳои тундрав ва ҳам бо муборизаи чирикиҳои балуҷ, ки мухторияти бештар ва саҳми бузургтар дар тақсими фоидаҳои нафту газу маъодини дигари ин минтақаро мехоҳанд, рӯбарӯст.
XS
SM
MD
LG