Пайвандҳои дастрасӣ

Марди кордбадастро ба парлумон роҳ надоданд


Бино ба хабарҳо аз Арманистон, як армании мусаллаҳ бо кордро посбонҳо ҳангоми талоши вуруди базӯрӣ ба бинои парлумон дар Ереван захмӣ кардаанд. Пулис бо худдорӣ аз шарҳи қазия гуфт, тафтиши ҳодиса идома дорад. Вазъи он мард маълум нест ва рӯшан нест, ки оё дар паси ин ҳодиса чӣ истодааст. Дар моҳи октябри соли 1999 як гурӯҳи мусаллаҳ вориид парлумони Арманистон шуда, сарвазир Вазген Саркисиён, раиси парлумон Карен Демирчиён, 5 мақоми аршади дигар ва як журналистро ба ҳалокат расонда буд.
XS
SM
MD
LG