Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тафсилоти ҳалокати 4 нафар дар Шӯрообод


Дар як талоши гаравгонгирӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 3 афғон ва Пирназар Исматов - сокини рустои марзии Деҳи Қозӣ – кушта шуданд. Сокинон мегӯянд, ин 3 афғони мусаллаҳ 4 тан аз аҳли Деҳи Қозиро асир гирифта, мехостанд ба Афғонистон баранд, вале гаравгонҳо дар роҳ муқовимат нишон дода, ҳарсе гаравгонгирро куштаанд. Хабарнигори Озодӣ Мӯъмин Аҳмадӣ аз маҳалли ҳодиса гузориш дод, ки афғонҳо мехостанд дар ивази гаравгонҳо аз чанд мақоми маҳаллӣ пули маводи мухаддири фурӯхтаашонро талаб кунанд.
1344 километр марзи Тоҷикистону Афғонистон як масири қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба шумор меравад. Аз аввали сол дар 6 даргирӣ дар ин марз дастикам 10 нафар, аз ҷумла 8 нафаре, ки бовар меравад, қочоқбаронанд, кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG