Пайвандҳои дастрасӣ

"Чанд соати оянда тақдири Қибрисро ҳал мекунанд"


Давлати Қибрис аз вакилони парлумон даъват кард, барои наҷот аз расвоии молии кишвар «тасмимҳои бузург» бигиранд. Сухангӯи давлат Христос Стилианидес гуфт, “чанд соати оянда тақбири кишварро ҳал мекунанд.” Парлумони Қибрис рӯзи ҷумъа тарҳи нави раҳоии ин кишвари узви ИА ва минтақаи евро аз вартаи варшикастагии молиро баҳс мекунад. Тарҳи нав, ки шаби панҷшанбе ба парлумон расид, бозсозии сохтории бахши бонкӣ ва таъсиси ниҳоди ҳанӯз норӯшане бо номи «Сандуқи сармояҳои ҳамбастагӣ»-ро пешниҳод мекунад. Қибрис барои даст ёфтан ба 10 миллиард евро кумаки байналмилалӣ бояд худ 5,8 миллион евро ҷамъ биорад. Агар тарҳи нав то рӯзи душанбе пазируфта нашавад, Бонки марказии Аврупо гуфт, ки маблағгузории изтирориро қатъ карда, ба варшикастагии бонкҳо роҳ хоҳад кушод. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев гуфт, Маскав дари кӯмакҳояш ба Қибрисро набастааст. Вазири молияи Русия қаблан гуфт, ки музокирот алакай анҷом ёфтааст.
XS
SM
MD
LG