Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 5 фоиз коҳиш ёфтааст


Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон имсол ба 785,7 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 5 дарсад камтар аст. Ин коҳиш асосан аз ҳисоби воридот аст, ки назар ба як соли пеш 78 миллион доллар, ё 12,6 дарсад коҳиш ёфта, 543,2 миллион долларро ташкил дод. Бино ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, содироти фаровардаҳои Тоҷикистон ба хориҷ дар ин муддат 242,5 миллион доллар шудааст, ки назар ба айни давраи соли гузашта 36,6 миллион доллар, ё 17,8 фоиз бештар аст. Дар маҷмӯъ, таносуби байни содироту воридоти кишвар ба андозаи 300,6 миллион доллар манфӣ будааст.
XS
SM
MD
LG