Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Қибрис тарҳи нави наҷотро баҳс мекунад


Вакилони парлумони Қибрис рӯзи ҷумъа ба хотири баҳси тарҳи нави раҳоии ин кишвари узви ИА ва минтақаи евро аз вартаи варшикастагии молӣ гирди ҳам омаданд. Тарҳи нав, ки шаби панҷшанбе ба парлумон расид, бозсозии сохтории бахши бонкӣ ва таъсиси ниҳоди ҳанӯз норӯшане бо номи «Сандуқи сармояҳои ҳамбастагӣ»-ро пешниҳод мекунад. Қибрис барои даст ёфтан ба 10 миллиард евро кумаки байналмилалӣ бояд худ 5,8 миллион евро ҷамъ биорад. Агар тарҳи нав то рӯзи душанбе пазируфта нашавад, Бонки марказии Аврупо гуфт, ки маблағгузории изтирориро қатъ карда, ба варшикастагии бонкҳо роҳ хоҳад кушод. Ин баҳс дар ҳолест, ки вазири молияи Русия гуфт, сармоягузорони рус ба кумаки молӣ ба Қибрис таваҷҷӯҳ надоранд. Тарҳи қаблии Қибрис, ки то 10 дарсад андоз бастани ҳисобҳои бонкиро дар назар дошт, аз сӯи парлумон радд шуд.
XS
SM
MD
LG