Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дувуми тафтиши дафтарҳои "Мемориал"


Мақомоти интизомии Русия дубора ба тафтиши дафтарҳои созмони ҳомии ҳуқуқи “Мемориал” пардохтаанд. Рӯзи панҷшанбе, мақомоти тафтишотӣ ҳамроҳ бо намояндагони вазорати адлия ва пулиси андоз дафтари ин созмон дар Маскавро тафтиш карданд. Намояндаи “Мемориал” Арсений Рогинский гуфт, рӯзи ҷумъа боз ба як дафтари ин созмон дар пойтахти Русия сар задаанд. Ӯ афзуд, дар ин “кофтукоби куллӣ”-и дафтари созмон пулис низ ҳамроҳ буд. Human Rights Watch дар мавриди амалиётҳои рӯзи 21 март ва ҳазорон амалиётҳои ҳамсон баёния нашр кард ва гуфт, “миқёси тафтишот бесобиқа аст” ва ин тафтишот фазои шумро бар сари ҷомиаи шаҳрвандӣ тақвият медиҳанд.” Сафорати Амрико дар Маскав рӯзи ҷумъа бо як паём дар Twitter аз “кофтукобҳои бесобиқаи созмонҳои ғайридавлатӣ дар саросари Русия” изҳори нигаронӣ кард.
XS
SM
MD
LG