Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари нави Чин вориди Маскав шуд


Сӣ Ҷинпин дар фурудгоҳи Внуковои Маскав
Сӣ Ҷинпин дар фурудгоҳи Внуковои Маскав
Раҳбари нави Чин Шӣ Ҷинпин дар нахустин сафари хориҷиаш вориди Маскав шуд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар пешорӯи ин сафари серӯза гуфт, равобити ду кишвар ҳеҷ гоҳ чунин хуб набуд ва танҳо дар 5 соли охир тиҷорати Маскаву Пекин беш аз 2 маротиба афзудааст. Путин гуфт, инки Шӣ Ҷинпин Русияро барои нахустин сафари хориҷаш интихоб кард, баёнгари «табиати вижа»-и ҳамкории стротегии Русияву Чин аст. Интизор меравад, ки музокироти Ҷинпин дар Маскав рӯи масоили тиҷорат ва содироти гази Русия тамаркуз кунад. «Газпром»- бузургтарин ширкати гази Русия ва Чин, ки харидори аввали маводи сӯхти дунёст, чанд сол боз рӯи содироти газ музокира доранд, вале ду ҷониб ҳанӯз бар сари нархи газ ба тавофуқ нарасидаанд.
XS
SM
MD
LG