Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон дар воқеъ ватани Наврӯз аст"


«Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо», унвони китобест, ки ба тозагӣ интишороти «Дониш» чоп кардааст.

Ин китоб ба ибтикори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи Улуми Тоҷикистон, зери раҳбарии Абдулвоҳид Шамолов таълиф шудааст. Маҷмӯа мақолоти пажуҳишгарони тоҷику эронӣ роҷеъ ба ойинҳои наврӯзии гузаштагон ва шеваи таҷлил аз Наврӯзи имрӯзиро дар се кишвари форсизабони минтақа - Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон таркиб ёфтааст.

Яке аз муаллифони китоб, Ҳафиз Бобоёров, муҳаққиқи ҷавон аз Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи Улуми Тоҷикистон аст. Дар сӯҳбате нахуст аз ӯ пурсидем, ки чӣ боис шуд, то ба таҳияи ҳамчун китобе даст зада шавад?

Ҳафиз Бобоёров: Ҳадафи аслӣ он буд, ки Наврӯзро аз нуқтаи назари фалсафӣ ва фарҳангӣ барои мардуми тоҷик ва ҷаҳон шиносонем. Дар маҷмӯа муаллифон нуқати назарҳои гуногун доранд ва асосан се давраи таърихӣ мавриди баррасӣ аст: аввал, давраи то ислом, баъдан исломӣ ва ахиран давраи шӯравӣ ва пасошуравии Наврӯз. Яъне шинохти фалсафӣ ва фарҳангии Наврӯз дар сайри таърихии он мебошад.

Радиои Озодӣ: Худи шумо низ пажӯҳишеро роҷеъ ба Наврӯз анҷом дод, бале? Дар ин росто ба чӣ хулоса омадед.

Ҳафиз Бобоёров: Бале, Пажӯҳиши ман ба давраи то исломӣ марбут мегирад. Аммо аз нуқати назари инсоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ ба падидаи Наврӯз хостам баҳои худро диҳам ва хулосаи ман он шуд, ки Наврӯз, як падидаи фарҳангие мебошад, ки дар оғози таърих, махсусан дар ҳавзаи фарҳанги эронӣ ба вуҷуд омадааст ва бисёр масъалаҳои мубрами инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доранд ва дар Наврӯз хуб ифода гардидаанд. Гуфтан мумкин аст, ки Наврӯз як ҷашни табиат, кайҳон ва инсон мебошад. Беҳуда нест, ки рӯзи шашуми Наврӯз, хурдодрӯз мебошад ва аз нуқтаи назари дини Зардуштӣ, ин рӯзи офариниши инсон аст. Яъне, як биниш ба Наврӯз аз он иборат аст, ки Наврӯз ҷашни офариниши инсон аст.

Радиои Озодӣ: Матолиби китоб аз ҷумлаи мақолоти пажӯҳишгарони тоҷику эронӣ таркиб ёфтааст ва аз назари худи шумо ин пажуҳишҳо баёнгари чӣ ҳастанд?

Ҳафиз Бобоёров: Ин албатта кӯшиши аввалин аст ва ҳадаф низ он аст, ки дар бораи Наврӯз пажӯҳиши комили фалсафӣ анҷом шавад. Ба ин далел умед дорем, дар 3-4 соли оянда, албатта маҷмӯаи комили фалсафӣ дар бораи Наврӯз таълиф гардад. Зеро аз нуқтаи назари фолклорӣ, филологӣ ва забоншиносӣ ва ғайра дар бораи Наврӯз аз сӯи пажӯҳишгарони тоҷику эрониву афғон корҳои зиёде шудааст, аммо мутаассифона роҷеъ ба ҷанбаи инсоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва фалсафии Наврӯз хеле кам кор шудааст.

Радиои Озодӣ: Аммо гуфта шуд, матолиби китоб марбут ба пажӯҳишгарони тоҷику эронист, чаро пажӯши муҳақиқони афғонӣ оварда нашудаанд?

Ҳафиз Бобоёров: Сабабҳо объективӣ ҳастанд. Зеро мо бо донишмандони эронӣ дар ин замина ҳамкории хубе дорем, аммо чунин равобите бо пажӯҳигарони афғон хеле маҳдуд аст. Ҳарчанд дар дигар пажӯҳишҳо, ба хусус фолклорӣ, филологӣ, забоншиносӣ ва таърихӣ ҳамкориҳо бо пажӯҳишгарони афғон хуб ба роҳ монда шудааст.

Радиои Озодӣ: Аммо дар мавзӯи Наврӯз назари пажӯҳишгарони тоҷику эронӣ чӣ гуна аст?

Ҳафиз Бобоёров: Мутаассифона мавқеҳо гуногун аст. Ҷомеаи мо дунявӣ аст ва ҷомеаи эронӣ исломӣ ва ҳатман онҳо нуқтаи назари исломӣ доранд. Мо пажӯҳишгарону файласуфони тоҷик мехоҳем, ки таърихи Эрон аз давраи пеш аз ислом таҳқиқ гардад. Албатта Ислом як давраи муҳими таърихи Эрон аст, аммо мо бармегардем ба давраи пеш аз ислом, ба хусус устура ва таърихе, ки дар атрофи Наврӯз аст. Чун Наврӯз падидаест, ки чанд ҳазор сол пеш аз ислом ба вуҷуд омадааст.

Радиои Озодӣ: Назарҳои мухталифе аст ва ривоятҳои зиёеде аст, ки то ҳол ба таври возеҳ гуфта нашудааст, ки Наврӯз кай пайдо шудааст? Пажӯҳишҳои шумо ва донишмандони дигар, аз ҷумла эронӣ дар ин росто чӣ аст?

Ҳафиз Бобоёров: Бояд як чиз гуфта шавад, ки дар бораи таърихи пайдоиши Наврӯз, нуқтаи назари ягона аслан вуҷуд надорад ва ҷустуҷӯҳои мо низ ба натиҷаи дилхоҳ нарасидааст, ки дақиқ гуфта шавад, ки дар фалон давра ва замон Наврӯз пайдо шудааст. Як идда бар инанд, ки Наврӯз дар замони Ҷамшед пайдо шудааст, иддаи дигари донишмандон давраи Зардушт, саввумӣ замони Ҳахоманишиниҳо ва ғайраро пешниҳод мекунанд. Чун нуқтаи назарҳо мухталиф аст, хулосаи ман ин аст, ки ҷустуҷӯ дар бораи пайдоиши Наврӯз бояд ба ихтиёри бостоншиносон гузошта шавад.

Радиои Озодӣ: Пас шояд як сабаби итттифоқи назар надоштани намояндагони ҷомеаи мо низ дар ҳамин, яъне набуди таърихи дақиқи пайдоиши Наврӯз бошад. Зеро тоифае аз руҳониён, Наврӯзро қабул надоранд ва ҳатто аз шеваи таҷлили расмии он дар сатҳи давлатӣ, истиқбол намекунанд?

Ҳафиз Бобоёров: Агар аз нуқтаи назари инсоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ баррасӣ кунем ва аз соли 1991 ба ин сӯ дар назар бигирем, Тоҷикистон як самти муайян надорад. Як барномаи мушаххасӣ фарҳангӣ надорад. Барои ҳамин ҳам ҳамеша нуқтаи назарҳо иваз мешавад. Як давра такя кардем ба замони Сомониён, ҳамчун як низоми хоси давлатдорӣ, вале онро пушти сар кардем ва аз баҳраш гузаштем. Як давраи муайян барномаи дигар сохтем бо номи ориёӣ, вале аз баҳри он ҳам гузаштем. Яъне барои он ки ҳамин гуна корҳои муваққат нашавад, Наврӯз агар ҳамчун заминаи фарҳангӣ пешниҳод шавад, барои ташаккули барномаи миллӣ, муайян кардани самти инкишоф, ҳатман ки муассир хоҳад буд. Таваҷҷӯҳ ва хости мо пажӯшигарон низ ҳамин аст.

Радиои Озодӣ: Дар даврони Шӯравӣ таҷлили Наврӯз мамнӯъ буд ва он ҷашни динӣ дониста мешуд, ҳарчанд бо номҳои дигар, назири ҷашни кишту кор ва ғайра мардум онро ид мекард. Аммо имрӯз мебинем, ҳукумат ба Наврӯз такя мекунад ва аз назари шумо он замон ҳукумати шӯравӣ аз он тарс дошт, ки Наврӯз иди динӣ аст ё дар воқеъ ин иқдом ба маънии дур кардани мардум аз арзишҳои миллии худ буд?

Ҳафиз Бобоёров: Шӯравӣ мехост, то мардум аз арзишҳои миллии худ дур бошад. Ва ҳамин шуд, ки ҷашнҳое, мисли Наврӯз то андозае «дар қафас» монданд. Зеро Наврӯз сар то по пур аз арзишҳои миллӣ аст ва он ки ҳукумат имрӯз онро таҷлил мекунад, дар сатҳи миллӣ хуб аст, аммо бидуни барномаи мушаххас ҷашни он ба ҳадаф намерасад. Яъне манзур ҳам ин аст, ки бо таҳияи ин гуна барнома, дигар бархӯрдҳои зиддиятнок ва манфӣ бо дигар суннату арзишҳо сурат нагирад.

Радиои Озодӣ: Ҳамакнун Наврӯз байналмилалӣ шуд ва паёми давлат низ аз бошукуҳтар ва дар сатҳи расмӣ таҷлил кардани он чист ва Тоҷикистон аз ин роҳ чӣ имтиёзе метавонад бигирад?

Ҳафиз Бобоёров: Ин кӯшишҳое, ки Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мекунад, ба хотири дарёфти имтиёзи фарҳангӣ аст. Зеро таваҷҷӯҳ низ дар заминаи Наврӯз ба берун аст. Тоҷикистон гуфтанӣ аст, ки Тоҷикистон ватани Нарӯз аст. Ба ин маънӣ, ки Наврӯз дар Тоҷикистон пайдо шудааст. Маҳз ҳамин имтиёзи фарҳангӣ барои Тоҷикистон лозим аст ва гуфта шавад, ки Наврӯз аз мо шурӯъ шуд ва ба дигарҳо дода шуд. Дар воқеият ҳам ҳамин хел аст.

Радиои Озодӣ: Далели шумо аз лиҳози ҷуғрофиёӣ чӣ аст?

Ҳафиз Бобоёров: Наврӯз моли Тоҷикистон аст, ба он маъност, ки ин ид дар байни мардуми эронӣ ба вуҷуд омад. Яке аз даллеҳое, ки чӣ донишмандони ғарбӣ ва чӣ минтақа мегӯянд, ин аст, ки ба гуфтаи онҳо Ҷамшед ин шахсияти таърихӣ аст ва ӯ дар ҳамин минтақа, дар минтақаи байни Амударё ва Сирдарё ҳукумат кардааст ва маҳз Ҷамшед асосгузори Наврӯз буд. Инҷо Осиёи Миёна дар назар аст, аммо минтақаи дақиқ гуфта нашудааст. Ҳарчанд назарҳое аст, ки Марв, Хоразм, Балх ва ғайра гуфта мешавад. Он минтақаҳое, ки аз лиҳози ҳавзаи фарҳангӣ хеле обод буданд. Ба ин далел мо Марву Самарқанду Бухоро ва дигар ҷоро сарфи назар карда наметавонем.

Радиои Озодӣ: Ташаккур.


Ҳафиз Бобоёров, соли 1974 дар ноҳияи Варзоб ба дунё омадаст. Пас аз хатми мактаби миёна, дар соли 1992 донишҷӯи факултаи филологияи ДМТ ва 1997 то соли 2001 аспиранти Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи улуми Тоҷикистон ва то соли 2006 корманди илмии ҳамин пажӯҳишгоҳ буданд. Баъдан аз соли 2006 то 2010 дар риштаи инсоншиносии факулати фалсафаи Донишгоҳи Бони Олмон таҳсил карда ва дар мавзӯи "Ислом ва низоми иҷтимоӣ дар Тоҷикистон" рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд. Аз соли 2010 то ҳол дар Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академия корманди калони имлӣ ҳастанд. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд.
XS
SM
MD
LG