Пайвандҳои дастрасӣ

Оташбаси Оҷалон ба курдҳо ва Туркия чӣ медиҳад?


Салоҳиддин Демирташ (дар байн), ҳамраиси ҳизби курдии Сулҳ ва Демократия ҳангоми таҷлил аз Наврӯз дар Истамбул, 17-уми марти соли 2013.

Салоҳиддин Демирташ (дар байн), ҳамраиси ҳизби курдии Сулҳ ва Демократия ҳангоми таҷлил аз Наврӯз дар Истамбул, 17-уми марти соли 2013.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз даъвати Абдулло Оҷалон, раҳбари зиндонии ҷудоихоҳони курд, ки хостори оташбас бо Туркия шудааст, истиқбол кард.

Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Амрико гуфта мешавад, татбиқи ин оташбас ба ҳалли сулҳомези қазияи курдҳои Туркия роҳ кушода, "мояи рушди демократия дар Туркия ва беҳбуди вазъи мардуми ин кишвар" мешавад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия, низ даъвати Оҷалонро “як қадами хеле мусбат” номид ва аммо гуфт, муҳимтарин нукта ин хоҳад буд, ки даъват то куҷо амалӣ хоҳад гашт.

Даъвати Абдулло Оҷалон ба оташбас бо Туркия дафъатан суолеро халқ кард, ки ин раҳбари зиндонӣ то куҷо бар ҷудоихоҳони курд тасаллут дорад ва метавонад, чунин оташбасро замонат диҳад? Оҷалон қариб 14 сол боз дар зиндон аст, вале аз нақши пешвоии ӯ коста нашудааст. Барои намуна, як хоҳиши ӯ кофӣ буд, ки садҳо нафар аз маҳбусони курд дар саросари Туркия дар соли гузашта гуруснашинии сиёсии хешро бас кунанд. Ҳамчунин сухани ӯ дар баҳси байни бархе аз фармондеҳони Ҳизби Коргари Курдистон сухани охир будааст. Ин ҳол шояд сабаб гашт, ки масъулони хадамоти ҷосусии Туркия аввали соли равон вориди гуфтугӯ бо Оҷалон шаванд. Натиҷа – даъват ба оташбас.

Аммо дар ивази чӣ? Дар изҳороти Оҷалон шарте барои оташбас зикр нашудааст, вале мутахассиси умури Туркия дар маркази таҳлилии “Чатҳам Ҳаус”-и Лондон, Фадӣ Ҳакура, мегӯяд, талабҳои Оҷалон борҳо дар баёнияҳои қаблии ӯ садо додаанд ва маълуманд: "Абдулло Оҷалон се шарти воқеан асосиро ба миён гузоштааст. Якум, бознигарии таърифи ҳувияти туркӣ дар қонуни асосӣ бо канор гузоштани таъкиди қавмӣ, такия ба бетарафӣ ва фарогирии умумӣ. Дувум, ба донишҷӯён додани имконияти таълим ба забони курдӣ. Савум ва эҳтимолан шарти мушкилтарин – додани салоҳиятҳои бештар ба ҳукуматҳои маҳаллӣ.”

Барои иҷрои ин шартҳо нахуст зарур аст, онҳо аз тарафи ҳукумати Туркия баррасӣ шаванд. Вале то ҳол ин ҳукумат расман нагуфтааст, ки вориди гуфтушунид бо ҷудоихоҳони курд хоҳад шуд. Бе чунин музокира оташбас шояд нахоҳад тавонист ба сулҳи пойдор расонад. Оҷалон низ мӯҳлатеро барои ин оташбас таъйин накардааст ва ҳар баҳонае метавонад, онро баҳам занад.

Тарафдорони оташбасро ин чиз нерӯ медиҳад, ки сарвазир Эрдуғон аз замони расиданашба қудрат дар соли 2002 назар ба пешиниёни худ дар масъалаи курдҳо аз нармиш кор мегирад. Дар натиҷаи ислоҳоте, ки ӯ пиёда кард, курдҳо ҳуқуқи бештари фарҳангӣ ба даст оварданд ва истифодаи забони курдӣ дар Туркия густариш пайдо кард. Ҳамаи ин ишора ба он аст, ки Эрдуғон метавонад, ба хотири поён додан ба ҷудоихоҳии курдҳо ҳаққи бештареро ба онҳо қойил гардад.
Аммо чаро ҳоло роҳи сулҳи курдҳо ва Туркия ҳамвор мешавад? Бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки ин ҷунбиш ба ниёзҳои сиёсии Эрдуғон рабт дошта метавонад. Вай ҷудо аз масъалаи курдҳо, дар пайи ба ҷумҳурии президентӣ табдил додани Туркия аст. Фадӣ Ҳакура мегӯяд, барои тағйири қонуни асосӣ Эрдуғон ба ҳимояти порлумон эҳтиёҷ дорад ва эҳтимолан кӯшиш мекунад, ба воситаи ҳалли масъалаи курдҳо пуштибонии вакилони курдро, ки бо Ҳизби Коргари Курдистон рабт доранд, ба даст орад.

Дар ҳоли иҷро шуданаш “Даъвати Оҷалон” метавонад ба ба хушунатҳои 30 соли охири Туркия хотима диҳад. Курдҳо барои орзуи истиқлолият аз Туркия аз соли 1984 ба ин сӯ ҷангида, дар ин ҳама сол аз ду ҷониб наздик ба 40 000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG