Пайвандҳои дастрасӣ

Ёди Наврӯз дар Кобули қадим


Наҷми Ковиёнӣ, адиб ва донишманд, корманди Пажӯҳишгоҳи улуми иҷтимоии Амстердам

Наҷми Ковиёнӣ, адиб ва донишманд, корманди Пажӯҳишгоҳи улуми иҷтимоии Амстердам

Дар Кобулистон Наврӯз ба унвони ҷашни баҳор, намое аз фарҳанги поринаи бумӣ тавассути пиру барно бо маросим ва одоби наврӯзӣ баргузор мешуд ва мешавад.

Шаҳри куҳнаи Кобул, қалби тапандаи Кобулистон, пешинаи 3500-сола дорад ва дар доманаҳои куҳи Шердарвоза, Косаи Бурҷ ва Осмоӣ, дар ду тарафи дарёи Кобул аз Бохтар ба Ховар афтодааст. Ин шаҳр ёдгор ва намодест аз бошандагони аслии Кобул, бошандагоне, ки ба фарҳанпарварӣ ва хирадварзӣ, айёрӣ ва ҷавонмардӣ машҳуранд. Саҳми кобулиён дар ҷунбишҳои озодихоҳӣ, машрутият, демокрусӣ ва пешрафти сарзамини мо чашмгир буд ва ҳаст. Ин шаҳр дар дарознои таърих шаҳри форсизабонон буд ва ҳаст.

Ибодатгоҳҳо ва меъмории шаҳри куҳнаи Кобул, таърихи бисёр зебо буд ва ҳар кӯча бозгӯкунандаи сафҳае аз таърихи мазбури мо буд ва ҳаст. Аммо дареғо бахшҳое аз ин шаҳри таърихӣ дар ҷараёни ҷангҳои байнитанзимии муҷоҳидин дар даҳаи ҳафтоди хуршедӣ (навади милодӣ) ба хок яксон шудааст. Умед бар он аст, ки ба ҳиммати ҷавонон ва фарҳангиёни кишвари мо, бахшҳое аз шаҳри куҳнаи Кобул ба унвони ёдгорӣ аз гузаштагон ва барге аз таърихи кобулиён бозсозӣ ва посдорӣ шавад ва ба музей табдил гардад. Номҳои шахсиятҳои барозандаи Кобул ва номи кӯчаҳои он, бар хиёбонҳои ҷадид низ гузошта шавад.

Баргузории Наврӯз назди кобулиён ба унвони намоди офариниши дубораи табиат, муждаи шукуфа ва борон, ҷашни такопӯ ва кор, паёмовари меҳр ва ҳамдилӣ, рӯйдоди шодиофарин ва шӯрангез буд ва ҳаст. Ман ки зодгоҳам шаҳри куҳнаи Кобул (гузари Дарахти хушк) аст, ривоят ва достонҳои зиёде дар бораи баргузории Наврӯз дар Кобули қадим аз бузургони хонавода шунидаам, аммо дар ин навишта чашмдид ва бардоштҳои нигоранда аз баргузории Наврӯз дар шаҳри куҳнаи Кобул омадааст. Албатта, ҳар шаҳру барзани ҳавзаи Наврӯз маросим ва одоби баргузории вижаи худро низ дорад, ки ба зебонии Наврӯз меафзояд.

Хуб ба ёд дорам, ки дар шаҳри куҳнаи Кобул, дар даҳаи чиҳили хуршедӣ (панҷоҳу шасти милодӣ), кобулиёни яке ду ҳафта пеш аз фаро расидани Наврӯз ба пешвози баҳор сандалиҳо ва бухориҳоро бармедоштанд ва хонатаконӣ мекарданд. Кӯчаҳоро пок, дегдонҳои ошпазхонаро ранг, зарфҳои мисиро бо қалъӣ ё қалъагӣ сафед мекарданд. Пеш аз торикӣ чароғ рӯшан менамуданд ва дӯкондорон дӯконҳои худро чароғон мекарданд ва меоростанд, деҳқонон фаровардаҳои худро дар Наврӯз ба намоиш мегузоштанд ва ҷашни ниҳолшонӣ барпо мешуд.

Дар шабу рӯзи тадоруки муқаддамоти Наврӯз, бозорҳои наврӯзии шаҳри Кобул гарм ва пуртапиш буд ва кори пешаварон ва бозориён пур равнақ. Баргузории маросии наврӯзӣ гардиши чархи иқтисод ва пӯёи онро низ дар пай дошт. Бисёре аз он чи ки ба муносибат ва ё барои Наврӯз сохта мешуд, корҳои ҳунари дастӣ буд, ки дареғо дар солҳои пасин ин фаровардаҳои дастӣ-ҳунарӣ зери сояи тавлидоти воридотӣ ва калон ранг бохтанд.

Ойини наврӯзӣ нақши пӯё ва нерӯманд дар инсиҷоми (якпорчагӣ) ва вифоқи (иттиҳод) хонаводаҳо дошт ва дорад. Кобулиён дар Наврӯз талош мекарданд, ки дар ҳар ҷое бошанд, ба хона ва кошонаи худ баргарданд, то дар Наврӯз дар ҷамъи хонавода ва дар канори суфраи наврӯзӣ бошанд. Кобулиён фарҳанг ва одоби наврӯзиро риоят мекунанд, ёде аз рафтагон, аёдат аз беморон, диду боздид аз дӯстону наздикон ҳамроҳ бо саломатӣ ва соли пурбор барои якояки онҳо мепардохтанд.

Маҳфилҳои шодӣ ва овозхонӣ барпо медоштанд. Ин ҳама ва ҳама дар таҳкими сафо ва дӯстӣ, меҳр ва муҳаббат миёни инсонҳо нақши бориз дорад. Дар рӯзҳои баҳорӣ, кобулиён хонаҳоро тарк мекарданд ва ба домони табиат паноҳ мебурданд ва дар канори сабза, ки намоде аз зиндагии нав аст, рӯзро сипарӣ мекарданд. Онҳо мехостанд, ки Наврӯзро дар оғӯши табиат ҷашн бигиранд ва сароғози солро бо таҷдиди хотираҳое аз пайванди деринаи инсон ва табиат гиреҳ бизананд. Кобулиёни бештар ба гардиш дар доманаҳои куҳи Хоҷа Сафо ва Сахӣ, Теппаи Сиёҳсанг ва Маранҷон, Боғи Чиҳилсутун, Боғи занон ва Боғи Наврӯзӣ (Боғи Бобур) мерафтанд.

Пайванди инсон бо табиат, рамзи пойдорӣ ва рози мондагории Наврӯз аст, ки аз он ба номи «Фалсафаи вуҷудии Наврӯз» ёд мекунанд. Инсон бо поён ёфтани шабҳои сард ва дилгири зимистон ва омадани баҳор зангораҳои куҳнаро аз қалб ва андеша бармеканад ва бо ҳаракати намодини хонатаконӣ, бо табиат ҳамгом мешавад ва ин пайванд дар шеър ва адабиёти сарзамини мо бозтоби густурда дорад.

Кобулиён ду шаб пеш аз аз Наврӯз, кишмиш, зардолу, шакарпора, сунҷидро пас аз пок кардан ва шустан, дар даруни як зарф бо миқдори оби лозим меандохтанд ва як шаб пеш аз Наврӯз бодом, чормағз ва пистаро пӯст карда, ҳамроҳ бо қадре арақи гулоб бо он изофа мекарданд ва онро ҳафт мева меномиданд ва дар рӯзи Наврӯз онро рӯи суфраи наврӯзӣ мегузоштанд.
Кобулиёни кӯшиш мекарданд, ки дар ҳадди имкон ҷомаи нав таҳия кунанд ва либоси пок бар тан намоянд, сабзичалав (навъе аз палав)-ро, ки нишонае аз соли нек ва пурбор аст, бипазанд, хони наврӯзӣ бигустаронанд ва дар канораи хонавода бо сафо ва самимият ҷамъ оянд, гарди нифоқро бирӯбанд, бо меҳр ва дӯстӣ дасти якдигарро бифишоранд, ёде аз рафтагон кунанд ва роҳии аёдати беморон ва диду боздиди дӯстон шаванд.

Дар он шаб ва рӯз бозори моҳифурӯшон ва ҷилебипазон (як навъ ширинӣ) дар Кобул гарм буд. Ҷавонони кобулӣ дар майдон ва варзишгоҳҳо ба варзиши зарби "майл мел" ва паҳлавонӣ мепардохтанд ва дигаронро ба варзиш ташвиқ мекарданд. Коғазпаронбозон бо ҳаво кардани коғазпарон шарт мебастанд . Кулчапазон кулчаи наврӯзӣ мепухтанд.

Дар рӯзи Наврӯз миёни кобулиёни расм ин буд, ки хонаводаи домод моҳӣ, ҷилебӣ, кулчаи наврӯзӣ, шириниро якҷо бо рахту либосҳои зебо барои арӯс дар лаълиҳои бузурги чӯбӣ (хончаи наврӯзӣ) мегузоштанд ва шуморе аз бонувон ин хончаи наврӯзиро бар сар гузошта, ҳамроҳ бо даф ва суруд онро аз кӯчаҳо убур медоданд ва ба хонаи арӯс мебурданд.

Бисёре аз хонаводаҳои кобулӣ як ва ду ҳафта пеш аз Наврӯз миқдоре аз гандумро дар зарфе мерехтанд ва рӯи онро бо порчаи махмали тар ва нозук мепӯшониданд ва интизор мекашидад ки гандум ҷавона (неш) бизанад ва сабз шавад. Сипас бонувон ва дӯшизагон дар ҳавлии бузургтари яке аз ҳамсояҳои ҷамъ мешуданд, аз сари шаб то сапедадам дастаҷамъӣ бо созу овоз маросими пухтани суманак (суману)-ро, ки яке аз оинҳои дерпои наврӯзӣ аст, бо кафзанӣ ва пойкӯбии шодмона иҷро мекарданд ва таронаи вижаи суманакро бо ҳам замзама мекарданд:

Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем.
Суманак назри баҳор аст,
Мелаи шабзиндадор аст.

Ин хуши соле як бор аст
Соли дигар ё насиб.

Суманак дар дег мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем.

Орзу имшаб хурӯшад
Суманак дар худ биҷӯшад
Дилхушӣ ҷома бипӯшад
Соли дигар ё насиб.

Суманак дар ҷуш мо кафча занем,
Духтарон дар хоб мо бӯса занем.


Навиштаи Наҷми Ковиёнӣ, адиб ва донишманд, корманди Пажӯҳишгоҳи улуми иҷтимоии Амстердам.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG