Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Забони тоҷикӣ дар Интернет: То ҳол зери сояи русӣ


Саҳми сомонаҳои тоҷикӣ дар Интернет камтар аз 0,1 дарсад буда, забони 81,8 дарсади сомонаҳое, ки дар Тоҷнет сабт шудаанд, ба русӣ будааст.


Бино ба гузориши Бунгоҳи таҳқиқотии олмонии W3Techs, ки ба пажӯҳиши фанновариҳои нави, аз ҷумла Интернет, машғул аст, сомонаҳо бо забони тоҷикӣ камтар аз 0,1 дарсад аз ҷамъи сомонаҳои мавҷуд дар шабакаи ҷаҳонии Интернетро ташкил медиҳанд. Бино ба ин гузориш, забони инглисӣ мақоми забони аввали Интернетро маҳкам дар дастони худ нигоҳ медорад ва 54,7 дарсади ин шабакаи ҷаҳонӣ маҳз бо инглисӣ “гуфтугӯ” мекунанд.

Бартарии русӣ ба чиноӣ ва ...

Забони дувум дар Интернет, бар хилофи интизорот, на чиноӣ, ки ба он беш аз 1 миллиард мардум такаллум мекунанд, на ҳиндӣ, ки низ зери 1 миллиард гӯянда дорад, балки русист ва 5,9 фоизии сомонаҳои Интернет ба ин забон будаанд. Сомонаҳои немисӣ бо тасарруфи 5,8 дарсади майдони Интернет дар ҷои севум, сомонаҳои испанӣ бо 4,7 дарсад дар мақоми чорум ва фаронсавӣ бо 4,5 дарсад панҷум шудаанд. Сомонаҳои чиноӣ ҳамагӣ 4,4 дарсад аз ҷамъи Интернетро ташкил дода, забони шашум ва забони ҷопонӣ бо 4,2 дарсад саҳм дар ин шабака забони ҳафтуми Интернет будаанд.

Забони 1,4 дарсади сомонаҳои интернетӣ туркӣ, 1,2 фоизаш – арабӣ ва 0,9 дарсади дигараш форсӣ буда, ин забонҳо дар сабқати забонҳои Интернет мутаносибан дар мақомҳои 11,12 ва 14-ум меоянд.

81,8 дарсади Тоҷнет ҳам ба русист

Зимнан ҳеҷ яке дигар аз забонҳои роиҷи Осиёи Марказӣ – на узбакӣ, на қазоқӣ, на қирғизӣ ва на туркманӣ – ба мисли тоҷикӣ натавонистаанд саҳми болотар аз 0,1 дарсадро дар ин раддабандӣ ба даст биоранд. Ин забонҳо ҳатто дар сегментҳои миллии худ низ аз русӣ ақиб мемонанд. Барои мисол, 79 дарсади сомонаҳои сабтшуда дар бахши украинии Интернет ба русист. Ин нишондиҳанда дар Қазоқистон 84 дарсад, дар Узбакистон 79,6 дарсад, дар Беларус – 86,9 дарсад, дар Қирғизистон 75,9 дарсадро ташкил медиҳад. 81,8 дарсади сомонаҳои сабтшуда дар Тоҷнет – сегменти тоҷикии Интернет – низ ба забони русӣ матлаб нашр мекунанд, на ба тоҷикӣ.


W3Techs дар гузоришаш саҳми шабакаҳои иҷтимоиро низ баровард карда, менависад, се мақоми аввалро дар сабқати чунин шабакаҳо Facebook бо 22,9 фоиз, Google +1 бо 14,5 ва Twitter бо 10,2 дарсад ба даст овардаанд. Ба сурати умум, ин се шабакаи амрикоӣ қариб нисфи ин бозорро дар ихтиёр доштаанд. Маъруфтарин шабакаҳои иҷтимоии Руснет - Вконтакте, Одноклассники ва Моймир, ки дар Тоҷикистон низ пайрави зиёд доранд, мутаносибан дар бозори ҷаҳонии шабакаҳои иҷтимоии дунё ҳамагӣ аз 1 то 0,4 фоиз саҳм дошта, аз шабакаҳои ғарбӣ хеле ақиб мемонанд. Шумори корбарони тоҷик дар Facebook низ танҳо дар як соли охир қариб 2 маротиба афзуда, акнун аз марзи 45 000 гузаштааст ва ба бовари коршиносон, ин шабака метавонад батадриҷ шабакаҳои русиро дар ин бозор низ танг кунад.

Joomla - танҳо мояи ифтихор форсизабонҳо?

Аз миёни пойгоҳҳои блогнависон Wordpress бо касди 17,7 дарсади ин бозор пешдаст будааст. Вале ҷолиб ин аст, ки дар сабқати чунин пойгоҳҳо ҷои дувумро бо 2,7 фоиз пойгоҳи форсии Joomla гирифтааст.

Гузориш мегӯяд, аз нигоҳи суръати рушд дар Интернет се забони русиву чиноӣ ва форсӣ пешсафанд ва ҳар рӯз дар ин шабакаи ҷаҳонӣ 162 сомонаи нави русӣ, 20 сомонаи чиноӣ ва 17 сомонаи тоза ба забони форсӣ зуҳур мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG