Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико даъвати оташбаси Оҷалонро "қадами мусбат" номид


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз даъвати Абдулло Оҷалон, раҳбари зиндонии ҷудоихоҳони курд, ки хостори оташбас бо Туркия шудааст, истиқбол кард. Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Амрико гуфта мешавад, татбиқи ин оташбас ба ҳалли сулҳомези қазияи курдҳои Туркия роҳ кушода, мояи рушди демократия дар Туркия ва беҳбуди вазъи мардуми ин кишвар мешавад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия низ даъвати Оҷалонро “як қадами хеле мусбат” номид ва аммо гуфт, муҳимтарин нукта ин хоҳад буд, ки даъват то куҷо амалӣ хоҳад гашт. Дар ҳоли иҷро шуданаш “Даъвати Оҷалон” метавонад ба ба хушунатҳои 30 соли охири Туркия хотима диҳад. Дар ин изҳорот Оҷалон аз размандагони курд даъват кардааст, ба хусуматҳо хотима диҳанд ва аз Туркия ақиб нишинанд. Оҷалон дар соли 1999 аз тарафи маъмурони амниятии Туркяи дар Кения боздошт шуда, то ҳол дар маҳбас аст. Муборизаи курдҳо бо нерӯҳои давлати Туркия аз соли 1984 ба ин сӯ идома дошта, дар ҷараёни он аз ду ҷониб наздик ба 40 000 кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG