Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи бархӯрд миёни афроди мусаллаҳи афғон ва чанд тан аз сокинони ноҳияи марзии Шӯрообод, чаҳор тан кушта шуданд.

Ин ҳодиса соатҳои шаши шоми рӯзи панҷшанбеи 21-уми март дар мавзеи Дулобаи ноҳияи Шӯрообод, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иттифоқ афтодааст.

Ба гуфтаи сокинони мавзеъ, рӯзи гузашта се тан аз қочоқбарони мусаллаҳи афғон ба деҳи Қозӣ, дар мавзеи Дулобаи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шурообод ворид шуда ва чаҳор тан аз сокини ин русторо ба гарав гирифтанд ва мехостанд онҳоро ба қаламрави Афғонистон баранд

Аммо ба таъкиди сокинон, дар роҳ гаравафтодаҳои тоҷик ба афғонҳои мусаллаҳ муқовимат карданд, ки дар натиҷа ҳар се афғон ва як сокини рустои Деҳи Қозӣ кушта шуданд. Сокини кушташуда, Пирназар Исматови 52- сола будааст.

Манобеъи Идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон вуқӯи чунин иттифоқеро таъйид карданд, аммо мегӯянд, ҳанӯз ҷузъиёти ин ҳодисаро дар даст надоранд.

Сокинон мегӯянд, афғонҳои мусаллаҳ як гурӯҳи ғоратгар аст, ки аз тариқи ба гарав гирфтани сокинони марзии Шӯрообод, аз онҳо пулу мол ба даст меоранд. Зеро ба таъкиди онҳо, дар гузашта низ чунин мавориде дар ин русто рух додааст, аммо кушта шудани се афғон аз сӯи сокинон собиқа надоштааст.

Ҳарчанд сокинон, афроди мусаллаҳи афғонро узви гурӯҳи ғоратгар хондаанд, вале мавориди зиёде дар рустоҳои марзии Шӯрообод иттифоқ афтодааст, ки афғонҳои мусаллаҳ қочоқбарони маводи мухаддир ҳастанд. Онҳо барои гирифтани пули маводи мухаддире, ки ба иддае аз сокинон додаанд, марзро убур мекунанд ва вақте муштариён пулашонро намедиҳанд, онҳоро ва ё пайвандону сокинонро ба гарав мегиранд.

Ҳатто дар бештари маворид, убури ғайриқонунии қочоқбарон ба бархӯрди онҳо бо марзбонони тоҷик анҷомидааст, ки талафоти ҷонӣ низ дар пай доштааст. Зеро ба гузориши расмӣ, муддати як моҳи ахир дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон панҷ задухӯрди мусаллаҳона сурат гирфта, ки ба гуфтаи марзбонони тоҷик, 5 қочоқбар ва як марзбонро кушта шудаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1344 километр марзи мустақим дошта, як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба шумор меравад.

Ба иттилои Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, тайи соли 2012 дар Тоҷикистон қариб 6 тонна маводи мухаддир кашҷу мусодира шудааст, ки 515 килояш ҳероин, 630 килояш афюн ва 4,8 тоннааш маводи мухаддири навъи канабис будааст. Бино ба гузориши Оҷонси зидди маводи мухаддири Тоҷикистон, маводи мусодирашуда назар ба соли 2011 41,1 фоиз бештар аст.

Тайи як соли охир бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир 946 нафар, аз ҷумла 33 зан ва 28 хориҷӣ, дастгир шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG