Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон: "Агар Исроил иқдоме бикунад, Телавивро ба хок яксон мекунем"


Раҳбари Эрон рӯзи панҷшанбе ба Исроил ҳушдор дод, агар таҳдидҳои низомии худ алайҳи ин кишварро амалӣ кунад, Эрон шаҳрҳои «Телавив ва Ҳайфаро ба хок яксон хоҳад кард.»

Саид Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нахустин суханронии худ дар соли нави ҳиҷрӣ-хуршедӣ, дар шаҳри Машҳад ва Ҳарами Имом Ризо-имоми ҳаштуми шиаиён гуфт: "Раҳбарони Исроил гоҳе Эронро таҳдид мекунанд. Онҳо бидонанд, ки агар ҳар ғалате (кори нодурусте бикунад), Ҷумҳурии Исломӣ Телавив ва Ҳайфаро ба хок яксон хоҳад кард."

Ӯ ҳамчунин бо ишора ба баҳси музокира бо Амрико гуфт, ки бо он мухолифате надорад, гарчи наметавонад хушбин ҳам бошад. Оқои Хоманаӣ таъкид кард, ки ин кишвар бояд ҳаққи Эрон барои ғанисозии урониюмро ба расмият бишносад ва «даст аз душманӣ» бардорад.»

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт: «Баҳси музокира як тактика барои фиреби афкори умумии дунё ва миллати Эрон аст. Шумо (Амрико) собит кунед, ки ин тавр нест.»

Вай дар ин суханронӣ Амрикоро «душман»-и аслии Ҷумҳурии Исломии Эрон хонд, ки Бритониё низ таҳти таъсири он «нақши мукаммил ё пурракунанда»-ро дар майдони душманӣ алайҳи Эрон бозӣ мекунад.

Ба гуфтаи оқои Хоманаӣ, Фаронса низ аз замони давлати Никола Саркозӣ роҳи душманиро бо Эрон дар пеш гирифтааст, дар ҳоле, ки Эрон бо Фаронса мушкиле надорад ва ҳамин хотир, чунин сиёсате нишонаи «ғайри хушмандӣ»-и раҳбарони Фаронса аст.

Раҳбари Ҷумҳури Исломӣ гуфт, ки Амрико дар робита бо кишвараш бояд «роҳи оқилона»-ро пеш бигирад ва «роҳи оқилона» ба гуфтаи оқои Хоманаӣ, ин аст ки даст аз душманӣ бо Эрон бардорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG