Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи таҷдиди назар ҳукми ҳабси Абдуллоҷоновро тағйир надод


Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Киев қарори додгоҳи ноҳияи Шевченко дар бораи ҳабси Абдумалик Абдуллоҷонов-нахуствазири пешини Тоҷикистонро, бетағйир боқӣ гузошт.

Дар ин бора Микола Закалюжний-хабарнигори бахши украинии радиои "Озодӣ" аз шаҳри Киев хабар дод. Андрей Федур-вакили мудофеи Абдуллоҷонов бар зидди ҳукми додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурда буд.

Додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев рӯзи 15-уми март ба хулосае расид, ки нахуствазири пешини Тоҷикистон 12 моҳ дар маҳбас нигоҳ дошта шавад, то дар ин муддат масъалаи истирдодаш ба Тоҷикистон ва ё раҳоиаш баррасӣ ва роҷеъ ба он тасмим гирифта шавад.

Матни пурраи қарори додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Киев соати 10:00, рӯзи 28-уми март қироат мешавад. Ҳукми ин додгоҳ ниҳоист ва вакили мудофеъ дигар ҳақ надорад бар зидди ҳукми додгоҳи таҷдиди назар шикоят барад.

Нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи “Бориспол”-и канори шаҳри Киев бо дархости пулиси байналмилалӣ -Интерпол боздошт шуд. Мақомоти Тоҷикистон аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе истирдод кунанд. Бо қарори додгоҳи Украина ва то замони баррасии дархости истирдодаш Абдумалик Абдуллоҷонов барои 40 рӯз ба боздоштгоҳ интиқол дода шуд.

Дар Тоҷикистон нахуствазири пешинро дар таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, куштор, талош барои ғасби ҳокимият ва дуздии моликияти давлатӣ айбдор мекунанд. Вале худи Абдуллоҷонов иддао дорад, ки иттиҳомоти зидди ӯ ангезаи сиёсӣ доранд.

Посухҳои Абдуллоҷонов ба пурсишҳои хабарнигорн (рӯзи 15-уми март)
Посухҳои Абдуллоҷонов ба суолҳои хабанигорон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00
XS
SM
MD
LG